Дар савдои музоядаи БАҶӮ бинобар муомилот аз рӯи ҷуфти асъор рубли Русия/сӯм муомилот оғоз ёфт

ҶС «Биржаи асъори ҷумҳуриявии Ўзбекистон" хабар медиҳад, ки 24 марти соли 2022 савдои биржавӣ оид ба ҷуфти асъори рубли Русия/сӯм (инструмент RUB/UZS_TOM) бо муваффақият баргузор гардид, ки дар рафти он иштирокдорони савдо ба маблағи умумии 80 миллион рубли Русия ба созиш омаданд.

Чӣ хеле ки пештар хабар шуда буд, ба мақсади ба иштирокдорони бозори биржаи асъор фароҳам овардани имкониятҳои иловагии савдои музояда Биржаи асъори ҷумҳуриявии Ўзбекистон савдои ҷуфти асъории рубли Русия/сӯм ва юани Чин/сӯмро ба роҳ  монд, ки бинобар онҳо ҷониби муомилот аз пардохти подоши комиссионӣ то 31 майи соли 2022 озод карда шудааст. 

Савдоҳо дар платформаи "Rhombus" бо усули савдои доимии дуҷониба дар тартиби Т+1 мутобиқи Қоидаҳои савдои биржавии ШС «Биржаи асъори ҷумҳуриявии Ўзбекистон"  бинобар хариду фурӯши асъори хориҷӣ гузаронида шуданд.

Дар доираи татбиқи Стратегияи рушд, Биржаи асъори ҷумҳуриявии Ўзбекистон ният дорад, ки тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани воситаҳои мубодилаи асъор бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён дар бозори асъор амалӣ намояд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: