ДАР САҲНА – СОҲИБИСТЕЪДОДҲОИ НАВ

Истеъдод худодод аст.

Вай ҳамеша ба дастгирӣ ниёз дорад. Дар ҷараёни ислоҳоте, ки дар мамлакат бинобар соҳаи маданияту маърифат татбиқ мегарданд, масъалаҳои кашфу дастгирӣ кардан ва рағбатноксозии соҳибистеъдодон аҳамияти бузург касб мекунад. Ин дар эҷодиёти барандагони ҷоизаи «Ниҳол» инъикос мегардад.
29 август дар қасри «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт бахшида ба мукофотонидани ғолибони ҷоизаи «Ниҳол» барои соҳибистеъдодҳои ҷавон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, баргузор шуд. 
Ба ин қасри муҳташам намояндагони вазорату идораҳои мухталиф, созмонҳои эҷодӣ, дӯстдорони мусиқӣ, ҷомеаи васеъ даъват шуданд.
Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ва дигарон, ки дар чорабинӣ баромад карданд, қайд намуданд, ки ислоҳоти таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаҳои маданият, санъат, таълиму тарбия татбиқшудаистода , ба баланд бардоштани маънавият, қаробатёбӣ ба намунаҳои олии санъати миллӣ ва ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд. Бисёр озмунҳои эҷодие, ки барои ҷавонон ташкил гардидаанд, омили муҳими афзудани истеъдоди онҳо, рушди ҳамаҷониба ва шуҳрат пайдо карданашон дар олам мешавад. 
Ҷоизаи «Ниҳол», ки соли 2000-ум таъсис ёфта буд, чун анъана бо мақсади рағбатноксозии ҷавонони соҳибистеъдод, ки бо мусиқа, суруду маҳорати иҷроияшон ҳамсолони худро ба меҳру мурруват даъват мекунанд, ба тарбияи иродаву мардонагӣ, баланд бардоштани маънавияти онҳо мусоидат менамоянд, дода мешавад. 
Давраҳои интихобии шаҳрӣ ва ноҳиявии озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд.
Давраҳои интихобии ин озмун, ки  дар ду сол як бор ташкил мегардад, аз 25 октябр то 23 ноябри соли 2018-ум дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бомуваффақият баргузор гардиданд. Дар давраи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и озмун 14 ҳазор, дар давраҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 1036 ҷавонон иштирок карданд, 206 нафари онҳо ба давраи ниҳоии ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. 
Маҳорати довталабни ҷоизаи «Ниҳол» дар ҷараёни озмунҳое, ки бинобар номгӯйҳои эстрада, навозандагӣ, сурудҳои классикӣ, рақс ва санъати опера гузаронида шуданд, ошкор карда шуд. Ба гуногунрангии истеъдоду маҳорати довталабон бо иштироки тамошобинон ва ҷомеаи васеъ аҳамияти махсус дода шуд. 
Истеъдод ва сарояндагии нодир, маҳорати бадеӣ ва дараҷаи хабардорӣ аз намунаҳои олии санъати миллӣ, саҳми асар ба баланд бардоштани маънавияти мардум, тарғибу ташвиқи моҳият ва аҳамияти истиқлолият, ислоҳоте, ки дар ҷомеаи фарҳангиву маърифатӣ амалӣ мешаванд, аз тариқи санъат ҳамчун маҳаки асосӣ баррасӣ шуданд. Тайёрии баланди касбӣ, маҳорати иҷрои бадеӣ, дараҷаи асар (мусиқа, матн), фаъолнокии иҷтимоӣ, сифатҳои инсонпарварӣ, эътирофи ҷамъият ба инобат гирифта шуданд. 
Баробари ин комёбии номзадҳо, ки дар озмунҳои миқёси ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба даст оварданд, аз эътибор соқит намонд.
... Сурудҳои нотакроре, ки дар саҳна садо доданд, ба бинандагон таассуроти фаромӯшнопазир мегузоранд, кайфияти баланд ба миён меоваранд. Барномаи зебои мусиқӣ бори дигар намоиш бод, ки дар кишвари мо соҳибистеъдодҳои ҷавон зиёданд.
– Хеле хурсандам, ки сазовори ҷоиза барои соҳибистеъдодҳои ҷавон шудам, – гуфт Аҳрор бахшӣ Хушвақтов аз Қашқадарё. – Аз таҳти дил саъй менамоям, ки ин бовариро бо эҷодиёти сермаҳсули худ сафед кунам. 
– Бо кӯмаки озмуни мазкур истеъдодҳои ҷавон аз ноҳияҳои дурдастрарини мамлакат низ кашф мегарданд, – гуфт сарояндаи ҷавон Нодира Мансурова аз Паркент. – Чунин эътимод моро ба беш аз пеш сайқал додани маҳорати худ даъват менамояд.
Дар чорабинии тантанавӣ ба барандагони ҷоизаи «Ниҳол» ҳайкалчаҳои махусус ва дипломҳо супурда шуданд. Ба эътибори дӯстдорони санъат суруду оҳангҳое, ки Ватани мо, истиқлолият, мардуми меҳнатдӯст, эҳсосоти самимиро васф мекунанд, пешкаш гардиданд.

Назокат Усмонова, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: