ДАР САҲНИ ДИЛҲО МОНД

Аз замони зиндагии Маҳмуди Воҳид то имрӯз дар саҳнаи театри тоҷик ҳунарпешагони зиёд ҳунарнамоӣ карданд.

Аз замони зиндагии Маҳмуди Воҳид то имрӯз дар саҳнаи театри тоҷик ҳунарпешагони зиёд ҳунарнамоӣ карданд. Онҳо нақшу образҳои гуногуни адабиву таърихӣ офариданд. Басо асарҳо рӯйи саҳна омаданд. Ҳунармандон барои инкишоф додани ҳунари театр саҳм гирифтанд. Меҳнаташон ба таври муносиб қадр ёфт. Бо мукофотҳои олӣ сарфароз гардиданд. Аммо...
Аммо ҳамоно овози марғуладори ҳунарманди нотакрор, ровии беназир Маҳмуди Воҳид дар паси гӯшамон садо медиҳад. Гӯё ҳоло ҳам аз рубоиёти дилошӯби Хайём мехонаду ғазалиёти дилангези Ҳофизро бо сабку услуби хосса ба самъи ҳозирон мерасонад: 
Ҳофиз, сухан бигӯй, ки дар сафҳаи ҷаҳон, 
Ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр ...
Ё худ: 
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед, 
Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ, чу майи муғона бар каф гирад, 
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.
 ***
Дар як рӯзи бомурувват дар хонадони Воҳиди даҳмарда тифле ба дунё омад. Овози тифли навзод дар фазои деҳа паҳн шуд. Аз меҳмони нави хонадон падар болид ва ба Худои меҳрубон шукрона гуфт.
Рустами Воҳид – бародари Маҳмуди Воҳид дар саҳифаҳои аввали китоби мураттабнамудааш «Маҳмуди сухангӯй» менависад, ки бачагии Маҳмудҷон дар Бахмалтеппаву Надоки водии Зарафшон гузаштааст. Ӯ ҳамроҳи падар аз Бахмалтеппа ба Надок мерафт. Ба рамаронӣ ёрӣ мерасонд. Дар ҳамин гуна рӯзҳо падар аз паси рама рафту ӯ танҳо монд. Ба садои шаршараю хониши мурғакон гӯш медод. Пас хост ба кабке тақлид кунад. Тақлид кард, овозаш дар кӯҳ акси садо дод. Кабкҳо хомӯш, гӯё ӯро гӯш мекарданд.
Дафъаи дигар ҳам кабки масте мастона мехонаду мехонад. Чашмони Маҳмуд медурахшад... Ӯ маст аст, масти овоз...
Маҳмуд бори нахуст соли 1957 дар рӯзҳои Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Маскав дар толори консертии ба номи Чайковский шеър хонд. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад.
Баъди бозгашт як сол дар филармонияи Тоҷикистон кор кард. Баъд бо маслиҳати Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов ба курси сеюми студияи тоҷикии Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский дохил шуд. Дар он ҷо хонда, дипломро ҳам дифоъ намуд. Баъди хатми мактаби олӣ соли 1965 ҳангоми Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав ҳунарнамоӣ кард. Ин нахустин сафари эҷодии Маҳмуди Воҳид маҳсуб меёфт. Баъди як соли он ба ватани Низомии бузург рафт. Вохӯрӣ бо адибони бузург, ҳунарпешагони номии озар саршор аз самимият ва таассуроти аҷиб буд. Назар ба гуфти худи ӯ, дар ин сафар баробари ҳамнишинӣ бо шоиру нависандагони номӣ, бо ситораи тобони осмони ҳунари озар Зайнаб Хонларова бархӯрд мекунад. Дар «Шабҳои тӯфонӣ» ном хотироташ қайд менамояд, ки ман надониста вайро «чаро гурба барин аз таги по мебароед?» гуфтаам. Ва баъд аз ин гуфтаи худ хиҷолат кашидам. Бинам, ки соҳиби ин чашмони фаттону ҷамоли зебо Зайнаб Хонларова будааст.
Тамошои шаҳру кишвари Канада ҳам ба Маҳмуд таассуроти аҷиб бахшидааст. Таассуроти сафари ин кишвари шимолии Амрикоро ба қалам додааст ва ба он «Дур аз ватан» ном ниҳодааст. 
Маҳмуди Воҳид ҳамеша ҳунари ҳампешагонро эҳтиром мекард. Дар як номааш ба Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадоев мебинем, ки комёбиҳои дӯсти худро дар иҷрои нақши асосӣ – Фердинанди «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер эътироф менамояд. Ӯ аз ҷумла,  менависад: 
«Ин гуна дақиқаҳои рӯҳбахшро ман якчанд маротиба ҳис карда будам ва инак, имрӯз ҳам. Кадом вақте буд, ёд надорам, Тӯрахон (Аҳмадхонов – Р.В.) гуфта буд, ки дар зиндагӣ (махсусан дар байни аҳли ҳунар) аз эътироф кардани комёбии дӯст дида, чизи душвортаре нест. Ман мегӯям, ки вай хато намекунад, чунки ба осонӣ мегӯям, ки ба ин муваффақият сазовор шудӣ. Ба фикри ман, ту имрӯз аз майдон ғолиб баромадӣ. Ва иҷозат деҳ, аз самими дил табрикат намоям...» 
Донишманди маъруфи тоҷик Акбар Турсун (Акбар Турсон) дар бахшномаҳои хеш «Ёдгори умр» роҳи зиндагӣ ва ҳунари Маҳмуди Воҳидро бо ҳама тору пудаш ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар анҷом ба тариқи хулоса мегӯяд:
«Алқисса, худро ба беҳудагӣ таскин додан нашояд, ки рӯзе дар саҳнаи тоҷик Маҳмуди нав зуҳур хоҳад кард! 
Оре, дунёи ҳунар тиҳӣ аз мардони заковатманд нест: бо мурури замон санъаткороне ба воя хоҳанд расид, ки бо роҳи ҷустуҷӯҳои эҷодии Маҳмуд пеш хоҳанд рафт ва ҳатто мумкин аст аз ҷиҳати камолоти ҳунарӣ аз ӯ ҳам гузаранд. Вале, ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷойи холимондаи ӯро гирифта наметавонанд: илоҷи зинда кардани эҳсосу афкори хоcсаи Маҳмуд нест: орзуҳои дар дил фурӯ шикастаашро ҳам ба тариқе, ки худи ӯ мехосту меҷуст, ба амал баровардан муҳол аст...»
Дар дарси адабиёт устодон мегуфтанд, ки барои ифоданок хондани пораҳои шеър, ғазал машқ бояд кард. Тасмаҳои овози Маҳмуди Воҳидро гӯш кардан айни муддаост. Як шарти озмуни ҷумҳуриявии фанҳои забону адабиёти тоҷик низ «Хониши ифоданок» буд. Ҳангоми имтиҳонсупорӣ аз фанни назмшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон устод Имронов қироати шеърро мепурсид. Дар сурати ифоданок қироат кардани шеър ба рӯяш табассум медавид ва мегуфт: «Писар, шеърхониат ба ман маъқул шуд». Ва баҳои хубу аъло мегузошт.
Соли 1992 дар ноҳияи Сариосиё ҳангоми озмун ташкилотчиён шоирони шаҳир Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор Сафиеваро даъват намуданд. Онҳо омаданд. Шеърхониҳо шуд. Як нафар духтарак шеъри устод Лоиқро хеле хуб қироат карда буд. Шодравон Лоиқ тақрибан ба ҳамин маънӣ гуфт: 
«Имрӯз, ки баъд аз сари Маҳмуди Воҳид дар саҳнаи тоҷик як ровии хуби маҳфилоро нест, аҷаб нест шумо ба туфайли кӯшишу ғайрат ба ин пояи ҳунар бирасед».
Соли 1977 дар шаҳри Бағдод риштаи умри Маҳмуди Воҳид канда шуд. Ба ёди Маҳмуди Воҳид шоирон шеърҳои зиёд гуфтаанд. Дар ин шеърҳо истеъдоди нотакрор, маҳорати барҷаста, орзуҳои ормонгаштаи Маҳмуд Воҳид инъикос карда мешавад. 
«Ӯ орзуҳои зиёд дошт. Мехост нақши Ҳамлетро офарад, аз ашъори дӯсти худ Лоиқ моноспектакл таҳия кунад, ба ашъори Лермонтов рӯ орад, ҳунарашро дар режиссура бисанҷад, дар кино образи Фирдавсии бузургро офарад...» (Аз китоби «Маҳмуди сухангӯй»).
Шодравон Лоиқ ҳам бо сӯзу гудоз гуфтааст:
...Орзу доштӣ, ки Ҳамлетро, 
Бинамоӣ барои тоҷикон.
Марги ту худ бузург фоҷиаест, 
Баҳри ҳамасрҳот, Маҳмудҷон! 
Гарчӣ ӯ аз саҳнаи тоҷик рафт, аммо ҷовидон дар саҳни дилҳо монд.

Анорбой НАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: