Садои зангро дӯст медорам.
Ин садо давомнокии ҳаётро ва дар ин ҳаёт зиндагонии моро ба хотир мерасонад. Саросари диёри офтобрӯяамон пагоҳ занги охирин садо медиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки ин занг хатмкунандагонро аз даргоҳи мактаб ба ҳаёти мустақилона ҳидоят менамояд.
Дар ҳаёти инсон даври кӯтоҳу пурмазмун ва лабрез аз хотирот ана ҳамин давраи бачагию мактабхонӣ. Инсоне нест, ки давраи мактабхониашро аз хотир фаромӯш кунад. Ин лаҳзаҳои пурмазмун дар ҳаёти инсон нотакроранд. Табиист, ки давраи бачагӣ ростгӯию самимиятро дӯст медорад. Ногаҳон дар кӯча, дар роҳ бо дугонаам ё ки бо ҳамсинфам вомехӯрам. Агар вай ҳамроҳи наберааш, наберае, ки қадаш қариб ба бобо ё модаркалонаш баробар бошад, саросема мешавам, забонам гӯё ки лол мегардад...
Ба бачагоне, ки имрӯз мактабро хатм мекунанд, ҳавасам меояд. Либосҳои пӯшидашон хушрӯ, имконияташон ҳадду канор надорад.
Мо ба бисёр чиз боварӣ доштем. Устодонро эҳтиром мекардем. Супоришҳои онҳо бароямон қонун буд. Ҷавонони ҳозира бошанд, тамоман дигаранд. Ба онҳо ягон ҳолатро нодуруст таҳлил кардан нашояд. Онҳо фазилати ба худ хос доранд. Ҳар якашон ҷиддӣ ва ҳушёранд. Ба фикрам, ин хусусият эҳтиёҷ ва талаби замон аст.
Занги охирин садо медиҳад. Ба китобе, ки ин бачагӣ аст, нуқтаи охирин гузошта мешавад.
Хатмкунандагон! Шумо ин зангро дар давоми мактабхонӣ ҳазорҳо маротиба шунидаед. Аммо имрӯз маъно ва қадри ин зангро бори якум ва охирин ҳис мекунед. Шумо акнун дар саҳни ҳаёт бе занг, бе огоҳӣ, мустақил қадам мегузоред. Ин аз шумо иродаи матин, ҳушёрӣ ва масъулиятнокиро металабад. Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо бахти сафед, муваффақият ва имкониятҳои беназир хоҳонем.
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.