Имсол дар ноҳияи Қарокӯл 224-то хоҷагии фермерӣ дар 5 ҳазору 626 гектар майдон гандум корида, ният карданд, ки 13 ҳазору 840 тонна ғалларо ба даст оранд.
Бо мақсади беталаф ва саривақт ғундошта гирифтани ҳосил дар ноҳия отрядҳои зарурӣ созмон ёфта, онҳо бо техникаи эътимодбахш таъмин гаштаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар саҳро ҳосили фаровон фароҳам оварда шудааст. Дар ноҳия мавсими дарав ҳанӯз пурра оғоз наёфта бошад ҳам, нақшаи солонаро аллакай иҷро кардани хоҷагиҳои фермерӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, хоҷагии фермерии «Олим Валӣ Файз»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тоҷиккент» супоришоти шартномавии ба давлат супоридани гандумро бомуваффақият иҷро кард. Меҳнатдӯстони хоҷагӣ ба ҷойи 78 тоннаи нақша 105 тонна ғалла супорида, плани солонаро 135 фоиз иҷро карданд. Ҳосилнокии ҳар як гектар майдон ба 70 сентнерӣ рост омад.
Ҷонишини ҳокими вилоят Амрулло Назаров ин ҷо омада, ғолибони истеҳсолотро бо комёбии меҳнатиашон муборакбод намуд.
Хабарнигори «Овози тоҷик».