ДАР СЕЙМИ ЛАТВИЯ ГУРӮҲИ НАВИ ҲАМКОРИИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ БО ОЛИЙ МАҶЛИСИ ӮЗБЕКИСТОН ТАШКИЛ ГАРДИД

Дар парлумони Латвия Гурӯҳи нав оид ба рағбатноксозии ҳамкории Сейм бо Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ташкил дода шуд.

Гурӯҳи пешин дар Сейм моҳи ноябри соли 2019 таъсис ёфта буд ва то интихоботи парлумонӣ дар Латвия – 1 октябри соли 2022-юм амал кард.
Муоҳида бобати таҷдиди фаъолияти идораи мазкури ҳамкории байнипарлумонӣ 7 феврал дар ҷараёни вохӯрии сафири Ӯзбекистон Қадамбой Султонов бо раиси Сейми Латвия Эдварс Смилтонс ба имзо расид.
Тавре ки таъкид мегардад, аз нав ба роҳ мондани кори ин механизми муҳими қарордодҳои байнипарлумонӣ шаҳодати эътимоди Сейми Латвия ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Гурӯҳи Сеймро раиси Зеркумитаи оид ба ҳифзи муҳити атроф, иқлим ва энергетикаи Комиссияи оид ба масъалаҳои иқтисодиёти миллӣ, хоҷагии қишлоқ, экология ва рушди минтақавӣ, узви ҳизби «Руйхати муттаҳид» Андрис Кулбергс ба дӯш дорад.
Узви ҳизби «Ваҳдати нав» Ирма Калниня муовини ӯ гардид. Ба ҳайат 10 депутат дохил мешаванд. Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон аз 10 июни соли 2020 Гурӯҳи ҳамкорӣ бо Сейми Латвия кор мебарад. Раиси он муовини спикери палатаи поёнии Олий Маҷлис Улуғбек Иноятов ба шумор меравад.
Таҷрибаи дар пояи ҳусни тафоҳуми тарафайн созмон додани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ дар «Меморандуми оид ба ҳамкории байни Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сейми Ҷумҳурии Латвия» аз моҳи сентябри соли 2012 пешбинӣ гардидааст.

ОИ «Дунё»,
шаҳри Рига.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: