ДАР ШАБАКАИ ЯКУМИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ОЛМОН ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ФИЛМ НАМОИШ ДОДА ШУД

Гузоришгарони Олмон дар бораи «рӯҳи навсозӣ», ки дар Ӯзбекистон ҳукмрон аст, ҳикоя карданд.

Дар Шабакаи якуми телевизиони Олмон, ки тамошобини бисёрмиллиона дорад, дар праймтайм намоиши филми мустанад дар бораи Ӯзбекистон баргузор шуд. 
Муаллифони филм ба намояндагони доираи васеи Олмон дар бораи имкониятҳои ғановатманди иқтисодии мамлакат, маданият ва анъанаҳои халқи мо, ҷойҳои сайёҳии он, ҳамчунин оид ба рушди кунунии Ӯзбекистон маълумот доданд. 
Гузорише, ки дар бораи фаъолияти корхонаи шоҳибофии Марғилон – «Ёдгорлик» нақл мекунад, ба сужети филм дохил шудааст. 
«Субҳи бармаҳал, ҳангоме ки нурҳои аввалини офтоб аз қуллаҳои кӯҳ фурӯ мерезанд, дар водии Фарғона занон ба фабрикаи шоҳибофӣ равона мешаванд. Баъзеи онҳо дар ин ҷо, аллакай солҳои зиёд кор мекунад, чунончи Сабохони 56- сола. Вай яке аз кормандони соҳибтаҷрибаи фабрика ба шумор меравад. Ягон нафари дигар нахи гаронбаҳои шоҳиро чун ӯ устодона ресида наметавонад», садо меояд аз паси кадр.
Қайд мегардад, ки ислоҳоти дар мамлакат татбиқшудаистода ба таъсисёбии ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд. 
«Дар авҷи мавсим коргарони корхонаи шоҳибофии «Ёдгорлик» барилова кор мекунанд, зеро маҳсулот ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Матоъҳои  дастибоф, махсусан барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошанд», – гуфта мешавад дар гузориш.
Таъкид мегардад, ки маснуоти шоҳии дастибофи истеҳсоли Ӯзбекистон аллакай дар саҳнаҳои намоишии Париж зиёд истифода мешаванд.
Дар суҳбат бо хабарнигори  олмонӣ коргари фабрика Маъмура Усмонова чунин мегӯяд: «Чанд рӯз пеш ба корхонаи мо меҳмонон аз Арабистони Саудӣ ва Чин омада буданд. Онҳо намунаҳои сарулибоси занонаи моро харид карданд. Нафақат бонувони осиёӣ, балки занони мағрибӣ низ чунин куртаҳоро дӯст медоранд ва мепӯшанд. Онҳоро сайёҳон аз Англия, Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва бисёр кишварҳои дигар мехаранд. Ин куртаҳо арзон ва гуногунранганд». 
Муаллифони филм дар мисоли ин соҳибкори ҷавон ба шароитҳое, ки дар мамлакат барои иштироки фаъол ва баробарҳуқуқи занон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат фароҳам оварда шудаанд, баҳои мусбат медиҳанд. 
«Ин шаҳодати рӯҳбаландии бузурги ӯзбекистониён аст, умуман дар тамоми  мамлакат рӯҳи навсозӣ ҳукмрон мебошад», – таъкид мешавад дар гузориш.

ОИ «Дунё», 
шаҳри  БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: