Дар “Шаҳрчаи иҷтимоӣ” 124 хона ба соҳибони худ супурда шуданд

  • Дар “Шаҳрчаи иҷтимоӣ” 124 хона ба соҳибони худ супурда шуданд
  • Дар “Шаҳрчаи иҷтимоӣ” 124 хона ба соҳибони худ супурда шуданд

Дар ҷамоати шаҳрвандони овули “Саришунгил”-и ноҳияи Хӯҷайлӣ бинои нави «Шаҳрчаи иҷтимоӣ» ба истифода супурда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Жӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон М. Камолов иштирок карда, ҷамъомадагонро бо фарорасии баҳор, иди Наврӯзи оламафрӯз, инчунин соҳибони хонаҳои навро бо манзилҳои замонавиашон табрик намуд. 
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси роҳбари давлат солҳои охир оилаҳои камтаъмин, танҳо, маъюб ва ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешавад, ки дар замири ин ғамхориҳо гиромидошти инсон, беҳбудии шароити зист ва аз камбизоатӣ баровардани аҳолӣ нуҳуфтааст. Шаҳрчаи нав низ ба чунин табақаи аҳолӣ сохта супурда шуд. 
Инчунин, дар ноҳия фабрикаи бофандагии дорои 150 ҷойи кор, гармхона, ҳавзи моҳипарварӣ, сехи нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва дигар марказҳои хидмати маишӣ барпо гардиданд. Дар “Шаҳрчаи иҷтимоӣ” дорухона, толори варзишӣ, китобхона, маркази IT, хонаи компутерӣ, дуконҳои савдо, сартарошхона, муассисаи томактабии нодавлатии “Ояндаи Хӯҷайлӣ” фаъолият мебаранд. Дар чорабинӣ калиди хонаҳо ба соҳибони худ ботантана супурда шуданд. 
Дар акс: бинои нави «Шаҳрчаи иҷтимоӣ»-и овули “Саришунгил” ба истифода супурда шуд.
Аксбардор: М. ҲАБИБУЛЛОЕВ. 
ӮзА.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: