Аз ин теъдод, 400 кирокаши барқӣ аллакай пагоҳ ба кор шуруъ мекунанд.
Дар Душанбе 18-уми июн рӯнамоии ширкати нави кирокашӣ - “Эко-такси”, ки танҳо бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ мекунад, баргузор гардид. Дар он намояндагони шаҳрдорӣ, ронандагон ва сокинон иштирок намуданд.
Ба иттилои роҳбарияти ширкат, айни ҳол, барои хидматрасонӣ ба сокинон 400 нақлиёти барқӣ ворид шудааст ва онҳо аз пагоҳ, 19-уми июн, ба кор оғоз мекунанд.
“Дар умум, мувофиқи нақша, бояд 2000 нақлиёти барқӣ харидорӣ шаванд ва дар ин бора “Эко-такси” бо ширкати чинии GAC Motor International Limited шартнома ба имзо расонидааст”, - гуфт Замира Ғаюрова, роҳбари ширкат.
Ба қавли ӯ, дар оянда ният доранд фаъолияти худро васеъ намуда, хидматрасонӣ тавассути нақлиёти барқиро дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ба роҳ монанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ширкати мусофиркашонӣ дар кишвар аст, ки пурра тавассути нақлиёти барқӣ хидмат мерасонад.
Инчунин, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ махсус барои нақлиёти барқӣ рақамҳои сабз роҳандозӣ кардааст ва минбаъд тамоми нақлиёти барқӣ, аз ҷумла кирокашҳои ширкати мазкур бо чунин рақам фаъолият хоҳанд кард.
Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд.