Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад

  • Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад
  • Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад
  • Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад
  • Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад
  • Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад
  • Дар шаҳри Фарғона мавзеи нав сохта мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев аз сохтмони майдони мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и шаҳри Фарғона дидан кард.

Дар майдони 300 гектар бунёд намудани 298 манзили бисёрошёна ба нақша гирифта шудааст. 80-тои онҳоро соҳибкорон соли ҷорӣ бунёд мекунанд.

Ғайр аз ин, 2 мактаби таълими ҳамагонӣ, 3 кӯдакистон, муассисаи тиббӣ, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ, маҷмӯи варзишӣ ва масҷид сохта хоҳанд шуд. Минтақаи хурди саноатӣ дар майдони 50 гектар дар таъмини шуғли аҳолӣ нақши муҳим мебозад.

Дар майдони 70 гектари маркази мавзеъ боғи «Ӯзбекистони Нав» бо кӯли сунъӣ бунёд карда хоҳад шуд. Аллакай беш аз 10 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд. Ҳамагӣ шинондани 21 ҳазор бех ниҳол пешбинӣ шудааст.

Мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» инчунин дар маҳаллаҳои «Янги аср»-и ноҳияи Фарғона ва «Юқори Сойбӯйи»-и ноҳияи Ёзёвон бунёд меёбанд.

Ҳамагӣ дар вилояти Фарғона соли ҷорӣ 244 манзили бисёрошёнаи 9429 ҳуҷрадор ба истифода дода мешавад.

Сарвари давлат дастур дод, ки мавзеъ бо шабакаҳои коммуникатсионӣ таъмин карда, хидматрасонии замонавии коммуналӣ ба роҳ монда шавад.

Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев   ба вилояти Фарғона ба анҷом расид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: