Ин ҳамоиш дар посух ба қарори Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои ба куллӣ беҳтар намудани системаи кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо” роҳандозӣ шуд. Он зери шиори “Панҷ ҳазор қадам ба сӯи ҳаёти солим” оғоз ёфт.
Ин ҳамоиш дар посух ба қарори Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои ба куллӣ беҳтар намудани системаи кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо” роҳандозӣ шуд. Он зери шиори “Панҷ ҳазор қадам ба сӯи ҳаёти солим” оғоз ёфт.
Тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбия ёфтани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, кашфи ҷавонони, афзун гардонидани шавқу рағбати онҳо нисбати санъат, варзиш, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ, китобхониву китобдӯстӣ дар меҳвари ин ҳамоиш қарор гирифт. Ин бахш таҳти шиори “Дар роҳи равнақи Ватан муттаҳид мешавем!” ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҳамоиш ҳамзамон ҷавонон дар мавзӯҳои “Сулҳ-неъмати олӣ”, “Донишу маҳоратам-барои ту, Ватан”, “Соҳибистеъдодҳоро меҷӯем”, “Қаҳрамонони маҳалли мо” намоиши маҳсули эҷоди худро ташкил намуданд, озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карданд, ки хеле дар сатҳи баланд сипарӣ гардид.
Бахшҳои дигари ҳамоиш ба намоиши силоҳҳои ҳарбӣ, мусобиқаи зеҳнии “Заковат”, санҷиши донандагони беҳтарини забонҳои хориҷӣ бахшида шуд. Инчунин ин ҳамоишро суруду таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилнишини дастаи ҳунарии Хонаи маданияти шаҳри Марғилон шукӯҳи тоза бахшид.
Чун ҳамеша ғолибони мусобиқаҳо ва озмунҳо бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.