ДАР ШАҲРИ МИЛЛИОННАФАРӢ ХИЗМАТИ ТИББӢ ЧӢ ХЕЛ МЕШАВАД?

Баҳори соли гузашта қарор шуда буд, ки аз ҳисоби ноҳияҳои Самарқанд, Пастдарғам, Оқдарё аҳолии шаҳри Самарқанд ба як миллион нафар мерасад.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз барои ҳифзи саломатии қариб 600 ҳазор аҳолии шаҳри Самарқанд 20 муассисаи муолиҷавӣ-профилактикӣ, 6 муассисаи статсионарӣ бо  беш аз ҳазор адад кати табобатӣ, 13 поликлиникаи амбулаторӣ хизмат мерасонанд.
Дар муассисаҳои мазкур ҷамъ 4485 нафар ходим фаъолият доранд, ки аз онҳо 1200 нафарашон шифокор, 2525 нафар ходимони миёнаи тиббӣ мебошанд.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар асоси Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 мувофиқи барномаи давлатии «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» дар Самарқанд амалӣ мегарданд, ҳифзи саломатии аҳолӣ аст.
Дар доираи вазифаҳо оид ба таъмини саломатии мардум, ки дар Стратегияи рушд муайян шудаанд, дар минтақаҳо дар асоси тамоюли «як қадам» хидмати аввалини тиббӣ ба роҳ монда мешавад.
Рост аст, ки муассисаҳои тиббии Самарқанд ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд, бинобар ин шумори поликлиникаҳои амбулаторӣ ба 15 адад расонда хоҳад шуд. 
Дар асоси Стратегияи рушд дар мавзеи Қаросув таваллудхона ва дар шафати он поликлиникаи замонавӣ қад хоҳад афрохт. Шуъбаи поликлиникаҳои 12,14-ум зиёд мешаванд. Инчунин пойгоҳи табобатхонаҳо  бо таҳҷизоти зарурӣ, асбобу анҷоми замонавӣ  мустаҳкам мегарданд.
Барои беҳдошти кор дар Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд бинои шуъбаи ҷарроҳӣ бунёд мегардад. Инчунин, биноҳои поликлиникаи оилавии рақами 3-юми Мотруд, филиали рақами 6-уми Кафтархона,12-уми Қавола, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, аз нав сохта мешаванд.
Ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 10-уми декабри соли гузашта таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев доир ба масъалаҳои такомули минбаъдаи фаъолияти хизмати эндокринологӣ ва вусъат бахшидани фарогирии беморон бо хидмати мазкур баргузор гардид, дар назди мо, шифокорон вазифаҳои таъхирнопазир гузошт. Аз ин рӯ, барои пешгирии саривақтии бемориҳои эндокринологӣ натанҳо табибон, балки ҳар яки мо, сарфи назар аз он, ки дар кадом соҳа кор мекунем, масъулем.
Дар шаҳри Самарқанд шифохонаи замонавӣ бо табобати бемории мазкур машғул аст.
Рӯзи панҷшанбе сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри мо ташриф оварда, бар иловаи дигар масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ барои таҳкими пойгоҳи табобатхонаҳо ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ низ маслиҳатҳои муфид додаанд, ки мо, ворисони Ибни Синои бузург онҳоро бечуну чаро иҷро хоҳем кард.

Аҳмадҷон БОБОҶОНОВ, 
сардори Итиҳодияи тиббии 
шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: