Агенти миллии муҳофизати иҷтимоӣ хидмати "Такси иҷтимоии"-ро дар шаҳри Тошканд ба ба роҳ монд.
Таъкид мегардад, ки барои истифода аз ин хидмат иловаи Yandex Go истифода мешавад. Дар ин замима як функсияи махсуси барои эҳтиёҷоти шахсони дорои маълулӣ мутобиқшударо дар экрани алоҳидаи иловаи Yandex Go ҷудо намудаанд. Онҳоро метавон барои расидан ба манзил дар ҳама тарифаҳо интихоб кард. Нархи хидмат дар ҳамаи тарифаҳо тағйир намеёбад.
Ба ронандае, ки фармоишро қабул мекунад, хабар дода мешавад, ки бояд дар рафти ба манзил расондани мизоҷ вазифаҳои махсуси зеринро иҷро кунад.
Масалан, дар корти манзили "Кӯмак дар дарёфти мошин" ба истифодабаранда тавзеҳи намудор хоҳад шуд, ки дар дарёти мошин кумак расонад, ба он наздик шавад ва барои нишастан кӯмак кунад. Барои одамони дорои мушкилоти шунавоӣ, ронанда бояд тавассути чат бо онҳо муошират кунад.
Агар функсияи "Ман дар аробачаи ногироӣ ҳастам" интихоб шуда бошад, ба ронанда эзоҳи "Ман дар аробачаи ногронӣ ҳастам, дар нишастан ба мошин кумак лозим, бағочи холӣ лозим аст" пайдо мешавад.