Дар Сирдарё Фестивали III байналмилалии бахшӣ баргузор мешавад

Дар Гулистон Фестивали III байналмилалии санъат бахшигӣ оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштироккунандагони фестивали байналхалқӣ паёми табрикӣ фиристод.

«Аҳамияти санъати бахшӣ, ки дар ибтидои эҷодиёти бадеии халқии шифоҳӣ қарор дорад, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он ҳиссиёт ва сифатҳои наҷиби инсонро тараннум мекунад, олами ботинии ӯро ифшо мекунад. Дар замони душвори ҳозира махсусан муҳим аст, ки садои ҳаётбахши ин оҳангҳо ва таронаҳо имкон медиҳад дарк намояд, ки инсоният решахои умумӣ дошта, ҳамаи мамлакатҳо ва халқҳои рӯи заминро ба ҳамфикрӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ даъват менамояд», - гуфта мешавад дар паёми сарвари давлат.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандони мусиқии беш аз 40 кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

Зимнан зикр мегардад, ки комиссияи интихобӣ имсол ҳудуди 300 нафар иштирокчиёни ҷашнвораро баррасӣ кардааст. Ҳамин тариқ, дар озмуни эҷодии чорабинӣ 64 сароянда – 10 нафар бахшии маҳаллӣ ва 54 нафар хориҷӣ рақобат мекунанд.

Барандаи ҷоизаи Гран-при 7 ҳазор доллар ҷоиза мегирад. Барои ҷои аввал дар ду самт 10 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 3,5 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешавад.

Фестивали бахши дар кишварамон бори сеюм баргузор мегардад. Он бори аввал дар Термиз соли 2019 ва бори дуюм дар Нукус соли 2021 баргузор гардида буд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: