ДАР СИРИШТИ ПОДШОҲОН

Саъдии Шерозӣ

Ҳикоят

Дарвеше муҷаррад (танҳо) дар гӯшаи саҳрое нишаста буд. Подшоҳе бар ӯ гузашт. Дарвеш, аз он ҷо, ки фароғ (осоиштагӣ) мулки қаноат аст, сар барнаёварду илтифот накард. Султон, аз он ҷо, ки ситвати (иқтидор) салтанат аст, биранҷиду гуфт: «Ин тоифаи хирқапӯшон (муфлисон, камбағалон) бар мисоли ҳайвонанд ва аҳлияту одамият надоранд». Вазир наздикаш омаду гуфт: «Эй ҷавонмард! Султони рӯйи замин бар ту гузар кард, чаро хидмате накардӣ ва шарти адаб ба ҷо наовардӣ?»
Гуфт: «Султонро бигӯй, таваққӯи (умед) хидмат аз касе дор, ки таваққӯи неъмат аз ту дорад ва дигар бидон, ки мулук (подшоҳон) аз баҳри поси раиятанд (табаа, мардуми фармонбардор), на раият баҳри тоати (парастиш) мулук!

Подшаҳ посбони дарвеш аст,
Гарчи ромиш* ба фарри** давлати ӯст.
Гӯспанд аз барои чӯпон нест,
Балки чӯпон барои хидмати ӯст».

*Ромиш — фароғат.
**Фарр — шаъну шавкат.

ДАР ФАЗИЛАТИ ҚАНОАТ

Ҳикоят

Дарвешеро зарурате пеш омад. Касе гуфт: «Фалонӣ неъмате дорад беқиёс, агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно ки дар қазои (иҷро) он таваққуф раво надорад». Гуфт: «Ман онро надонам». Гуфт: «Манат роҳбарӣ кунам».
Дасташ гирифт то манзили он шахс даровард. Якеро дид: лаб фурӯҳишта ва тунд нишаста, баргашту сухан нагуфт. Касе гуфташ: «Чӣ кардӣ?»
Гуфт: «Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам».

Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй,
Ки аз хӯйи бадаш фарсуда гардӣ.
Агар гӯйӣ ғами дил, бо касе гӯй,
Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ. 

 

 

Гулназар КЕЛДӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон

ГУЛАФШОН

(Аз дафтари дубайтиҳо)

Бихоҳам осмон монад ба одам,
Замини гулфишон монад ба одам,
Бихоҳам аз ҳама тиру камонҳо,
Фақат тирукамон монад ба одам.
***
Чу ҳастам порасанге аз тани кӯҳ,
Ҳамин ганҷам бас аст аз маъдани кӯҳ.
Зи ман гар мисрае монад кифоя.
Мисоли пайраҳа дар домани кӯҳ.
***
Миёни мову ту дил дар миён шуд,
Ҷаҳони роз шуд, то роздон шуд.
Дилам дар сина бе ному нишон буд,
Ба пойи ту фитоду достон шуд.
***
Забардастӣ на аз зӯри миён аст,
Тавоноӣ зи фазли бихрадон аст.
Агарчи пояи гандум заиф аст,
Валекин поядори сад ҷаҳон аст,
***
Чу домони муҳаббат гирад олам,
Раҳи бахту саодат гирад олам.
Зи буҳрони энерҷӣ чорае ҳаст,
Зи буҳрони муҳаббат мирад олам.
***
Маро сарват ба ҷуз шеъри Аҷам нест,
Ғаме то аз сухан дорам, ғаме нест.
Кафан гардад маро авроқи дафтар,
Асои рӯйи гӯрам ҷуз қалам нест.
***
Бимон, аз меҳру борони баҳорон,
Фақат гул хезад аз хоки ниёгон.
Бимон, коҳад ба дунё қурби тилло,
Вале асло накоҳад қадри Инсон.
***
Русуми дилбарӣ ҷовид бодо,
Ҷунуни шоирӣ ҷовид бодо.
Ба дунё одамӣ ҷовид набвад,
Вале одамгарӣ ҷовид бодо!


Барои бачаҳо

Ба Расулҷон озодӣ!

Набераам Расулҷон,
Шӯху чолоку чаққон.
Дар як ҷо намешинем,
Корамон гардон-гардон.

Меҳмон накшода дарро,
Барояд болои миз.
Нонро газида монад,
Пош диҳад қанду мавиз.

Бозичаҳоро ҳар сӯ,
Хандон ҳаво медиҳад.
Дарро кушода  наздаш,
Сагро садо медиҳад.

Гурба ба пешаш ояд,
Думи ӯро мекашад.
Ба пиёла шир диҳанд,
Вай ҳам аз он мечашад...

Дина дар дӯкон дида,
Манежро кард ӯ ҳавас.
Бехабар ин орзуяш,
Андохташ дар «маҳбас».

Марҳабо МУҚИМОВА,
ноҳияи Пастдарғами 
вилояти Самарқанд.

 

Ҳикоёти муҷаз

Оташи зӯр

Вақте чанд ҳарфи гарме гуфта, дар идома онҳоро даъват кард, ки фарзандони худро ба синфҳои тоҷикӣ гузоред, қотили мурғакони навбол нагардед, ягон садое дарнаомад. Ба чашмони ҳамдеҳагонаш нигарист, шарорае надоштанд, сарду берӯҳ буданд. Баъд, дар ҳоле ки асабаш сахт таранг мешуд, гаранг-гаранг бо фишори ду ангушт дороии халтачаро мулоим кард, аз лабакаш рехта, як каш нос зери забон партофт. Ҳама сарҳо хам, нигоҳи чашмон ба миёни ду пойҳо... Сукути вазнине қоим шуда буд. Оқибат, олуфтанамое кафид. Агар намекафид, дунё ин хел ҷазир намешуд. Аммо кафид ӯ. Роиҷ аз ҷой хест:
– Қавмгароӣ накунед, ака! Ин ганда, статя дорад! - гуфт ӯ бо ҳамҳамаю дамдама.
Ба тани аҳли нишаст гӯё рӯҳ дамид. Сарҳо баланд, нигоҳҳо оташин шуданд.
Нотиқ... миёни абрӯвон гиреҳ фаровард ва дар ҳоле ки дилаш беҳузур мегашт, носи даҳонашро як қадам дур аз пеши пояш туф кард.
Агар ин туфи носолуд ба оташи Намруд бирасад, бешак, фурӯ менишонд, аммо оташи нигоҳҳои он хайли мардум зӯртар буд. 
Тааҷҷуб

Ба оби чашма назар кард. Чашма низ ба ӯ соф нигарист.
Дар оинаи оби мусаффо сурати падарро дид, ки чашм аз вай намеканд.

Илм ва нон

Аз Бойсун савори кирокаше шудам. Сафарам ба самти Тирмиз аст. Даруни мошин бо шумули ронанда чор тоҷик будем, ки аз ҳар дар гуфтаву суҳбати нағзе доштем. Дар курсии пеши мошин як марди назарногире менишаст. Хомӯш буд ӯ. Баъд мо сукут варзидем, вай ба гап даромад:
– Забони шумо забони зӯр,- гуфт вай оби даҳон хӯрда.
– Мо фикр кардем шумо ӯзбекед, ака.
– Бале, дуруст фикр кардед.
– Лекин ба тоҷикӣ ширин гап мезанед.
– Ташаккур, – шод шуд ӯ. – Мо ду-се нафар пас аз намози хуфтан гӯша гирифта, аз имоми калон дарси Мавлонои Балхӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил... меомӯзем. Ана илму мана илм, - маҳин сар такон дод вай. – Дарё, дарё...
– Э, монед-э! Дарё будааст!  Як пароха нон надиҳад, он илми ноёб ба кӣ даркор? – хандид ҳампаҳлӯи ман, ки риши қайчинадидааш дар дами боди оинаи нимабоз парешон мешуд. Он мард як лаҳза сар афканда, ба андеша рафт, сипас оҳиста ба сухан омад:
– Додарҷон, нон ба шиками одам медарояду пас аз чанде мебарояд. Илм вориди мағз мегардад ва он ҷо мемонад. Нафъашро ҳар гоҳ хоҳӣ, мебинӣ!
Мошин тасмаи роҳро ҳарисона фурӯ бурда, якзайл пеш медавид. Ронанда чанбари идораро дудаста қапида, роҳ мечид. Роҳи мумфарш пас аз ҳавои сербориши зимистон сад чуқуру обкандае дошт. 

Маҷлис

Ба шаш иқлим нома фиристоданд ва кеҳтару меҳтарони қаламравро ба маҷлис даъват карданд. Дар таҳдиди ошкор илова ҳам намуданд, ки агар касе ҳозир нагардад, ҷазои лоиқ хоҳад гирифт. Вақт сарф карданд, маблағ сарф карданд... Аз шаш иқлим омаданд. Ба дафтари «Ҳасту нест» имзо ҳам гузоштанд. Дар маҷлис як масъала муҳокима шуд:
«Барҳам додани маҷлисбозиҳо!»

Шариф ХАЛИЛ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: