ДАР СИТОИШИ ЯК МАРДИ ХИРАД

Барои ба чоп омода кардани очерки «Дар кӯйи некномӣ» бойгонии хешро аз назар мегузаронидам.

Ногаҳон чашмам ба мусаввадаи шодравон Фатҳуллоҳ Намозов афтод. Дастхатро ба даст гирифтам. Пеши назарам симои барҷастаи ин марди ҳушманду хубгуфтор чун навори синамо гирд мегашт. Як сол қабл аз ин бо хоҳиши банда вай очерки мазкурро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда буд. Навиштаҳои домуллоро бодиққат аз назар мегузаронам: хати хоно, чун нақшу нигор дар рӯи коғаз чунон тасвир шуда буд, ки он беихтиёр диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард. Дар ягон ҷумла ҳарфу ҳиҷои нодуруст хат кашида дубора рӯйбардор нашуда буд. 
Бо домулло дар кӯчаҳо, идораи рӯзнома вомехӯрдем. Ӯ бо мо самимӣ вохӯрда аз аҳволи банда ва аз кору эҷоди мо огоҳ мегашт. Боре дар яке аз ин вохӯриҳо баъд аз ҳолпурсӣ даъфатан гуфт: – Ҳикояи «Кобул Бухоро нест»-ро хондам. Хеле табиӣ ва хонданбоб навиштаед. Сарнавишти муҳоҷирон, воқеан шӯрангез аст. Дар ин мавзӯъ навиштанро идома диҳед. 
Аз ин гапҳои ӯ хурсанд шуда гуфтам: 
– Раҳмат домулло, агар онро ба забони ӯзбекӣ тарҷума мекардед, аз шумо сипосгузор мебудам.
– Марҳамат, ба ҷону дил, – даъфатан иброз намуд ӯ. 
Ҳамин тариқ домулло ҳикояро тарҷума кард. Он дар рӯзномаи вилоятии «Сурхон тонги» чоп шуд.
Фатҳуллоҳ Намозов баъд аз нафақа баромадан мисли дигар бозмондагони кору меҳнат рӯзи дароз, як гӯшаи чойхонаро гирифта, бо ҳамсолонаш гап намефурӯхт. Ӯ дар баробари панҷ вақт намоз хондан, асарҳои гуногуни динӣ, осори классикаи Шарқ, асарҳои адибони ҷаҳонро мутолиа мекард. Ӯ тарҷумони хубе буд. Чандин қиссаву романҳои адибони ҷаҳонро аз забони русӣ ба ӯзбекӣ тарҷума кард. Фатҳуллоҳ Намозов ашъори Шайх Аттор, Мавлавии Балхӣ, Ҳофиз, Саъдии Шерозӣ, Ҷомӣ, Навоӣ ва Бобурро хеле дӯст медошт ва онро гаштаву баргашта мутолиа мекард. Дар мавридҳои лозимӣ дар бораи ин бузургон ба рӯзномаҳо мақолаҳо иншо мекард. Домулло бо эҷодкорони рӯзномаи «Бойсун» ҳамкории доимӣ дошт. 
Боре пурсидам, ки шумо осори адибони форс-тоҷик ва ӯзбекро хеле хуб медонед, чаро ягон мавзӯеро интихоб карда бо кори илмӣ машғул нашудед. Ӯ бо таассуф гуфт: – Аслан мақсади банда пас аз хатми Донишгоҳи давлатии  Самарқанд ҳамин буд. Устодон Воҳид Абдуллоев ва Ботурхон Валихӯҷаев ҳаминро аз ман мехостанд, вале сад афсӯс мушкилиҳои рӯзгор барои амалӣ гаштани ин ниятам имкон надод. 
Фатҳуллоҳ Намозов воқеан марди донишманде буд. Ӯ аз донишу маърифати баланди хеш ҳеҷ ҳавобаланд набуд. Хоксорӣ, фурӯтанӣ ба хӯю хислати вай чуқур реша давонида. Дар мавриди суҳбат ва гуфтугӯ надидам, ки бо касе манманиву худситоӣ  карда бошад. Ӯ табиатан марди ҳушманд, ҳалим ва хубкирдоре буд. Пиндори нек, гуфтори нек ҳамеша сари забонаш гирд мегашт. Ин накӯияшро ҳамкорон, ҳамтоёнаш дар айёми дар қайди ҳаёт будан ва пас аз фавташ мудом чун намунаи ахлоқи неки инсонӣ мисол меоранд. 
Чуноне ки дар боло арз кардем, ҷону дили устод асарҳои шоирони классикӣ буд. Мо ин ҷо чанд байти шоири бузурги адабиёти форсу тоҷик Фаридуддини Атторро, ки ӯ эҷодиёти ин нобиғаи бузургро мепарастид ва пайваста онро мутолиа мекард, аз маснавии пандомези «Футувватнома» чанд байтеро меорем. Гумон мекунам, ки он писанди шумо низ мегардад. Гӯянда дар ин чанд байт тавонистааст, ахлоқи хуби ашхоси накӯхислатро бо маҳорати баланд ташвиқу тарғиб мекунад, барои мову пасовандагон.
Макун бад бо касе, к-ӯ бо ту бад кард,
Ту некӣ кун, агар ҳастӣ ҷавонмард.
Забонро дар бадӣ гуфтан маёмӯз,
Пушаймон мехӯрӣ ту ҳам яке рӯз.
Туро он гаҳ беҳ ояд мардиву зӯр,
Ки бинӣ хештанро камтар аз мӯр.
 
Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: