ДАР СИТОИШИ ЗАН-МОДАР

Ишқи илоҳиро дар меҳри модарон метавон дарёфт.

***
Ҳар муҳаббат даргузар аст, ба ҷуз муҳаббати модар.
***
Дуои модар чун шири ӯ поку беолоиш аст.
***
Модар аввалин омӯзгор аст.
***
Танҳо хоки пойи модаронро метавон ба чашм тӯтиё кард.
***
Модаронро ҷисман заифу рӯҳан пуртавоно офаридаанд.
***
Муҳаббат ба модар – муҳаббат ба Ватан.
***
Модарон гултоҷи табиатанд.
***
Дуои модарон чун дами шамшер тез аст.
***
Модар бузургтарин гуноҳи фарзандро мебахшад.
***
Ҳурмати зан – ҳурмати миллат. 
***
Нияти неки модар дар аллаи ӯ ифода меёбад.

Гирдоваранда 
М. ҲУСИНОВ,
муаллими мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато.


***
Бигузор, як рӯзи баҳор рӯзи занон бошад. 
Аз «АВЕСТО»

То дар ҷаҳон як зан ҳаст, сухани тоза метавон гуфт.
С. БУФФЛЕР

Зан калимаи пурмаъност. Дар ин калом иффату покии духтар, фидоии ба дӯст хос ва ҷасорату матонати модар нуҳуфтааст.
Н. НЕКРАСОВ

Ҳатто қаҳру заҳри зан барои марде, ки ӯро дӯст медорад, мисли шаҳд гуворост.
СТЕНДАЛ 

Зебоии занон дар сукути онҳо нуҳуфтааст.
СОФОКЛ

Ба чӣ қодир будани занро танҳо зан медонад.
Сомерсет МОЕМ

Нисбат ба боварии мардон гумони занон бештар дуруст мебарояд.
Р. КИПЛИНГ
Занонро дӯст доред, эҳтиром намоед, онҳо сарчашмаи илҳом ва нерӯи шумоянд.
Ҷ. МАДЗИНӢ 

Занон асабҳои моро ором мекунанд, худпарастиамонро аз байн мебаранд, онҳо аз куҷо ба дунё омадани моро ёдрас карда меистанд.                                                                                                                                                                                                         
М. БАРРЕС

Дар ҳамаи асру замонҳо назокати ба худ хоси занон ба мардон болу пар бахшидааст.
Р. РОЛЛАН

Субҳу шоми ҳаёт бе зан тира, рӯзаш ғамангез аст.
П. БАУСТ

Зан фидокориро натанҳо дарк менамояд, балки худро фидо низ мекунад.
И. ТУРГЕНЕВ

Ҳамеша, дар ҳама ҷо фазилати олии зан дар фурӯтании ӯст.
Н. КАРАМЗИН

Таҳияи С. ВАРОРӮДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: