ДАР СИЁСАТИ БУҶАВУ АНДОЗИ СОЛИ 2019 БА ЗИЁД ГАРДОНДАНИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ ВА ҶОЙҲОИ КОРӢ ЭЪТИБОРИ АЛОҲИДА ДОДА МЕШАВАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 октябр бахшида ба муҳокимаи ҷамъбасти чашмдошти Буҷаи давлатӣ дар соли ҷорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва самтҳои сиёсати буҷаву андоз барои соли 2019-ум ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки бино бар ҷамъбасти соли ҷорӣ, чи хеле ки интизорӣ меравад, даромади Буҷаи давлатӣ 74,5 триллион сӯм, хароҷот бошад – 78,5 триллион сӯмро ташкил дода, дар ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ 5,5 триллион сӯм ё ки нисбат ба соли гузашта 6 баробар зиёд маблағ мемонад.
Хароҷоти буҷа соли ҷорӣ нисбат ба соли 2017-ум 60 фоиз ё ки 29 триллион сӯм афзуд. Аз ин маблағ 5,6 триллион сӯми он барои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои  «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Ҷавонон – ояндаамон» ва сохтмони хонаҳои арзон равона карда шуд. Барои ҷудо кардани вомҳои имтиёзнок ба соҳибкорони ҷавон ва таъмин кардани шуғли аҳолӣ  ба БСТ «Микрокредитбонк» 700 миллиард сӯм ва Бонки халқӣ беш аз 1 триллион сӯм, барои баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакатамон 4,5 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Аз ҳама муҳимаш, баробари аз нишондиҳандаҳои инфлятсия баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷа, нафақа ва кӯмакпулиҳо музди меҳнати тарбиячиён, омӯзгорон, кормандони илмӣ, профессорону омӯзгорон, кормандони маданият аз 30 фоиз то 100 фоиз баланд бардошта шуд.
Озод гардонда шудани сиёсати асъор ва нарх, ба танзим овардани ҳисобу китоби соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардондани сармоягузорӣ ба афзудани даромади буҷа таъсири мусбат расонд.
То охири сол ҳоло ду моҳ ҳаст. Аз ин рӯ бояд тамоми захираҳоро ба кор андохта, пеши роҳи дефисити эҳтимолии буҷаро гирифт, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки рӯз то рӯз зиёд гардидани даромади буҷа дар соли оянда, дигаргуниҳои таърихии ба низоми андоз ҷоришаванда ба аҳолӣ ва тиҷорат сабукиҳои зиёд фароҳам меорад.
Аз ҷумла, дар натиҷаи аз 1 январи соли 2019-ум бекор карда шудани пардохтҳои ҳатмӣ аз пули фурӯш дар ихтиёри корхонаҳо барилова 5,2 триллион сӯм даромад мемонад.
Дар натиҷаи аз 22 фоиз то 12 фоиз кам кардани ставкаи баландтарини андози даромади шахсони ҷисмонӣ, аз 25 фоиз то 15 фоиз кам кардани ставкаи пардохти ягонаи иҷтимоӣ, инчунин бекор карда шудани бадали ҳаштфоизаи суғурта даромади аҳолӣ 6,5 фоиз зиёд мегардад.
Дар натиҷаи аз 5 фоиз то 2 фоиз кам кардани андози молу мулк, аз 14 то 12 фоиз кам кардани андози даромади шахсони юридикӣ, аз 5 то 4 фоиз кам кардани андози ягонаи субъектҳои тиҷорати хурд дар ихтиёри соҳибкорон 2 триллион сӯм маблағи иловагӣ мемонад. Умуман миқдори андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ аз 19 то 15 намуд кам карда мешавад.
Ин сабукбориҳо таъмин намудани даромади буҷаро каме мушкил мегардонад. Бино бар ин дар ҷамъомад доир ба коҳиши танқисӣ ва афзудани даромади буҷа, аз он ҷумла ба амал ҷорӣ намудани кори низомноки расмигардонии миқдори кормандон ва музди меҳнат супоришҳо дода шуд.
Дар вақтҳои наздик ба Олий Маҷлис тақдим намудани Буҷаномаи ҷиддан таҳиягардида барои соли 2019 ва лоиҳаи қонуни марбут дар бораи дохил намудани тағйирот ба сиёсати андоз супурда шуд.
Инчунин дар бобати татбиқи механизми соддаи пардохти андоз барои қимати изофа, инвентаризатсия ва оптимизатсияи имтиёзоти ҷорӣ супоришҳо дода шуд.
Зимни муҳокимаи қисми харҷшавандаи буҷа барои соли 2019 Президент таъкид намуд, ки харҷ бояд асосан ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигаронда шавад.
Мо бояд дар соли оянда низ сиёсати баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиро аз буҷа на камтар аз дараҷаи инфлятсия идома диҳем. Ҳамзамон ба кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ки нисбатан афзоиши музди меҳнаташон бо суръати паст зиёд мегардад, эътибори алоҳида нигаронда шавад, аз он ҷумла музди меҳнати ходимони соҳаи тиб 26,5 фоиз, кормандони муассисаҳои таълими олӣ ва илм 1,5 баробар зиёд карда шавад, гуфт роҳбари давлат.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, афзудани харҷи кӯмаки иҷтимоӣ 20 фоиз, ҳиссаи музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар ба Буҷаи давлатӣ умуман аз 49 то 54 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Ба татбиқи барномаҳои қабулнамудаи давлатӣ низ эътибор нигаронда шуд. Ногузирии ҷалб намудани маблағи хориҷӣ ба шарти имтиёзнок, ташаккулдиҳӣ ва дохил намудани руйхати дақиқи объектҳо ба Барномаи сармоягузории соли 2019, ки дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» марбут ба таъмир мебошанд, таъкид гардид.
Дар бобати мақсаднок ва босамар истифода намудани маблағи буҷа, минбаъд пурзӯр намудани назорати ин соҳа супоришҳо дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳои дар маҷлис муҳокимагардида, ҳисоботи роҳбарони масъул шунида шуд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: