ДАР СОҲИЛҲОИ АМУДАРЁ НАВОҲОИ БАХШИҲОИ ТАМОМИ ҶАҲОН САДО МЕДИҲАНД

Дар шаҳри Тирмиз 6 апрел маросими тантанавии кушоиши Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ ба амал омад.

Тирмизи қадимӣ, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, бо руҳи миллӣ идона оро дода шудааст. Омодагии пухта ба Фестивали байналхалқии санъати ҳофизӣ, ки на танҳо дар мамлакатамон, балки дар тамоми ҷаҳон бори аввал баргузор мегардад, ба ин шаҳри қадимӣ ва ҳамешаҷавон, ки гавҳари ҷануби Ӯзбекистон мебошад, шукуҳу таровати ба худ хос бахшидааст.
Боғу роғ, хиёбон, кӯчаву майдонҳои зеборо панноҳое, ки арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳоямон, симои бахшиҳоямон инъикос ёфтаанд, зеб медиҳанд. Шодмониву муносибати самимии меҳмонони аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон омада аз оғоз ёфтани ҷашни азизе, ки дар воҳаи Сурхондарё худшиносии миллиамонро васеъ намоиш медиҳад, халқҳои ҷаҳонро бинобар гиромидошти миллият баҳри мақсади ягона, маслаки ягона муттаҳид мегардонад, дарак медиҳад.
Ба соҳили Амударё, ки дар тӯли асрҳо аз озмоишҳои гуногун гузашта, ба роҳҳои пешрафти ин кишвари қадимӣ гувоҳ шудааст, шом фаро мерасад. Дар майдони 32 гектараи ҳудуди Қасри муҳташами санъат шаҳарчаи этнографие барпо карда шудааст, ки тарзи зиндагии гузашта инчунин ҳаёти имрӯзаи ободу фаровони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва тамоми вилоятҳо ифода ёфтааст. 
Дар саҳнаҳои мӯъҷази шаҳарча тамошоҳои театрикунондашуда, баромади дастаҳои фолклорию этнографӣ намоиш дода мешаванд. Сайёҳони хориҷӣ дар намоишгоҳ-ярмаркаҳои ҳунармандон бо намунаҳои сӯзанаи қадимӣ ва либосҳо, қолинҳо, асбобҳои миллӣ, зарфҳои сафолӣ шинос шуда, дар хонаҳои меҳмони ба иқтидори сайёҳии кишварамон бахшидашуда аз маросимҳои оилавӣ дидан мекунанд. 
Баъд аз қарори Президентамон «Дар бораи баргузор намудани фестивали санъати байналхалқии бахшигӣ» аз 1 ноябри соли 2018 ва ташаббус бобати дар шаҳри Тирмиз гузарондани анҷумани мазкури санъат дар муҳлати кутоҳ дар маркази вилоят корҳои бузург ба амал бароварда шуданд. Аз ҷумла, бар ивази беш аз 80 миллиард сӯм маблағ бинои нави аэропорти Тирмиз сохта шуд. Вокзали роҳи оҳани Тирмиз куллан таъмир карда шуда, барои меҳмонон шароитҳои қулай фароҳам оварда шуд.
Дар ҳудуди Қасри санъат, ки чорабиниҳои асосии фестивали дар ду сол як маротиба ташкилшаванда гузаронда мешавад, саҳнаи замонавии васлшаванда барпо карда, ба майдони васеъ ба шарафи обидаи бузурги маънавии халқамон – достони «Алпомиш» ҳайкали муаззам гузошта шуд. 
Соат 18.40. Майдони  муҳташами Қасри санъати Тирмиз. 
Гирдогирди амфитеатри маҳобатнок байрақҳои давлатҳои иштирокдор алвонҷ мехӯранд. Кӯҳҳои Кӯҳитанг, ки дар паси саҳна дар ороиши ба худ хос қад афрохтааст, моро хаёлан ба замони Алпомиш раҳнамун месозад. 
Иштирокдорон ва тамошобинони анҷуман Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо кафкӯбиҳо истиқбол мегиранд.
Сухан ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дода шуд.
Роҳбари давлатамон таъкид намуд, ки санъати фолклор, таъбир ҷоиз бошад, боигарии бузург ва бебаҳои инсоният мебошад, ин гуна санъати ноёб айни ҳол ба намунаи ёдгории маданӣ табдил ёфта, дар баъзе ҷойҳо умуман аз байн меравад, ҳифз намудани он барои авлоди имрӯза ҳам фарз, ҳам қарз мебошад.
Дар саҳна овози най садо медиҳад. Барномаи консерти театрикунонидашуда бахшида ба кушоиши Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ оғоз меёбад.
– Ҷашнвораи байналхалқӣ, ки бо ташаббуси Президент дар кишвари Алпомиш ва Барчиной баргузор мегардад, дар таърихи ба ҷаҳон маъруф гардондани Ӯзбекистон, ки дар он ҷо тӯли асрҳои гузашта илм, санъат, фарҳанг дар дараҷаи баланд ривоҷ ёфтааст, саҳифаи навро мекушояд, ки ин ба мо, бахшиҳо рӯҳияи аъло ва илҳом мебахшад, – мегӯяд Бахшии халқии Ӯзбекистон Абдуназар Поёнов. – Мо аз давлатамон барои эътиборе, ки дар давраи ҷаҳонишавии пуршиддат ба дар ҳоли худ нигоҳ доштани санъати бисёрасрина ва то ба авлоди оянда расондани он дода мешавад, миннатдорем. Оё медонед, ҷиҳати шарафнок ва масъулиятноки бахшигӣ дар он аст, ки барои аз аввал то охир сароидани як достон бо назардошти ҳаҷми он аз як рӯз то панҷ рӯз вақт лозим. Достони дӯстдоштаам «Алпомиш»-ро ман метавонам дар тӯли се шабонарӯз мукаммал иҷро намоям. Дар фестивал мо бо жиров, оқин, манасчӣ, тулчӣ, узан ва бахшиҳои дигари моҳир қувва меозмоем.
Бино бар ақидаи фолклоршиносон дар мамлакатамон мактаби достонсароён аз қадим дар се самт ривоҷ ёфтааст. Самти якум – мактабҳои Булунғур, Нарпай, Нурота, Қӯрғон, Шаҳрисабз, Қамай, Шеробод, дуввум – мактаби достонсароёни Хоразм мебошанд. Ҷиҳати ба худ хоси ин санъат дар он аст, ки дар мактабҳои самти аввал бахшӣ достонҳоро дар ҳамоҳангии думбура бо овози ҳалқумӣ, дар самти Хоразм ва Фарғона таҳти асбобҳои мусиқии тор, дутор ва дигар бо овози кушод иҷро менамояд.
Бо мақсади муносиб рағбатнок намудани хидмати шоирони бахшӣ, ки боигарии маънавии нафиси миллиамонро амиқ тарғиб менамоянд, унвони «Бахшии халқии Ӯзбекистон» таъсис гардид. Солҳои гузашта дар мамлакатамон 28 нафар шоирони бахшӣ бо унвони «Бахшии халқии Ӯзбекистон» тақдир гардиданд. 9 нафари онҳо аз Сурхондарё, як нафар бахшии ҷавон соҳиби мукофоти «Ниҳол» гардид, ки ин низ намунаи равшани эътибор ба фидоиёни соҳа мебошад.
– Дар Қароқалпоқистон жиров ва бахшигарӣ дар ду самт ривоҷ ёфтааст, – гуфт Жирови халқии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Бахберген Сиримбетов. – Жировҳо қаҳрамониву баҳодуриро дар пардаҳои баланд тараннум намоянд, бахшиён дар бобати ишқу муҳаббат достонҳо гуфтаанд. Дар ҳар ду мактаб достонҳои нафис офарида шудаанд, ки онҳо мероси нодири хазинаи ҳамосавии ҷаҳонро ғанӣ гардондаанд. Имрӯз аз рӯи ҳар ду самт бахшиёну жировҳо анъанаи «устоду шогирд»-ро давом медиҳанд. Ҷашнвораи мазкур барои ба ҷаҳон танин андохтани оҳангҳои жирову бахшиёни қароқалпоқ имконият ба вуҷуд меорад.
Солҳои охир барои ба дараҷаи нав бардоштани санъати бахшигарӣ эътиборе, ки ба он дода мешавад, самара мебахшад. Бо ташаббуси роҳбари давлат соли гузашта дар шаҳри Тирмиз ташкил гардидани Мактаби бахшиён ва дар мактабҳои мусиқа ва санъати ноҳияҳо фаъолият бурдани синфҳои бахшиён ва дар онҳо таҳсил намудани беш аз сад нафар ҷавони соҳибистеъдод мисоли равшани ин ба шумор меравад. Дар муассисаҳои таълимии мазкур ҷавононе, ки таҳсил меёбанд, дар озмун-азназаргузарониҳо ва ҷашнвораҳои вилоят фаъол иштирок намуда, намоиш додани истеъдоди онҳо дар намояндагони насли куҳансол эҳсоси ифтихорро бедор менамояд. То ин андоза азм намудани насли ҷавон ба эҷодиёти даҳонакии халқ дар меҳмонони хориҷӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд бедор менамояд.
– Ман дар бисёр давлатҳои ҷаҳон будам, намунаҳои бахшигарии туркиро иҷро мекунам. Ба Ӯзбекистон бори аввал меоям. Ҳанӯз дар ягон мамлакати ҷаҳон надидам, ки ба бахшиён ин қадар эътибори калон дода бошанд, – мегӯяд бахшӣ (озан) аз Туркия Зекӣ Эрдалӣ. – Дар бораи Мактаби бахшиёни Тирмиз шунидам. Дар он ҷо ба хонандагон бахшиёни халқӣ дарс медодаанд. Ин шоистаи намуна аст. Дар кишваратон барои ба наслҳои баъдӣ расондани бахшигарӣ пойдеворе гузошта мешавад, ки барои мардумони дигар чун намуна хидмат менамояд.
Дар шаҳри Тирмиз бори аввал баргузор гардидани Ҷашнвораи бахшигарии халқӣ 160 нафар иштирокдорро аз 74 давлат ба диёри Алпомиш даъват намудааст. Дар ҷашнвора ЮНЕСКО, ниҳоди байналхалқии мисли масъалаҳои оид ба таълим, илм ва маданияти ташкилоти ҳамкории исломӣ – ISESCO ва инчунин меҳмонони ифтихорӣ аз давлатҳои мисли Қирқизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон аз мақоми баланд ва нуфузи он далолат менамояд.
Дар доираи ҷашнвора бо иштироки олимони хориҷӣ ва маҳаллӣ дар Тирмиз анҷумани илмиву амалӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳунари бахшигарӣ дар тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид. Дар он олимон аз мамлакатҳои ИМА, Олмон, Франсия, Русия, Чин, Ҷопон, Куриё ва Туркия бо маърӯзаҳои худ иштирок намуднд.
Меҳмонон дар доираи ҷашнвора бо ёдгориҳои меъморӣ, маконҳои шоистаи эътибори воҳаи қадимӣ шинос мегарданд. Аз маҷмӯаҳои ба ҷаҳон маъруфи Ҳаким ат-Тирмизӣ, Султон Саодат, Исо Тирмизӣ, ҷойгоҳҳои муқаддаси мисли Фаёзтепа, Кампиртепа боздид ба амал меоранд. Дар маҳалҳо сайрҳо, намоиши барномаҳои саҳнавӣ бахшида ба эҷодиёти даҳонакии халқ ташкил мегарданд.
Дар доираи ҷашнвораи байналхалқӣ озмун-азназаргузаронӣ барпо мегардад, ки дар он бахшиёни синни аз 9 то 90 иштирок мекунанд. Лавҳаҳо аз достонҳо, сурудҳо, нағмаҳо, гулчинҳо дар иҷрои иштирокдорон аз ҷониби ҳаками байналхалқӣ баҳо дода шуда, ҳамзамон эътибор ба махсусиятҳои миллӣ, ҷанбаҳои бадеиву ороишии эҷодиёти даҳонакии халқ, истеъдоди иҷрогарӣ, маданияти саҳна ва дигар маҳакҳо зиёд мегардад. Ғолибон ва ҷоизадорон бо дипломҳои махсус, ҳайкалчаҳои ҷашнвора ва мукофотпулӣ тақдир мегарданд.
...Дар саҳна суруд ва оҳангҳои классикӣ садо медиҳанд. Дар ҳавои думбура, чанқовуз, қобуз, қила достонҳо иҷро мегарданд. Садои зебои бахшиён ва жиров ба иштирокдорони анҷуман кайфияти дигар мебахшад.
Анҷумани санъат, ки то 10 апрел идома меёбад, ба ҳифз ва то ба наслҳои оянда расондани намунаҳои қадимаи санъати бахшӣ ва достонсароӣ мусоидат намуда, омили рушди минбаъдаи салоҳияти сайёҳии мамлакат, ёдгориҳои бойи таърихиву меъморӣ, ба тамоми ҷаҳон намоиш додани маданияти нодир ва гуногунамон мегардад. Вай дар пурзӯр намудани эҳтиром ба мероси бебаҳо дар қалбҳои ҷавонон, мустаҳкамсозии дӯстӣ ва мусолиҳаи байни халқҳо, васеъ намудани ҳамкории эҷодӣ, муносибати маданиву маънавӣ дар миқёси ҷаҳон нақши муҳим хоҳад дошт.
Роҳбари давлат бо терминали нави фурудгоҳи байналхалқии Тирмиз шинос гардид, ки сохтмони он дар арафаи руйдоди бонуфузи мазкур ба анҷом расида буд.
Терминали замонавӣ соате қодир аст, ки ба 400 мусофир хидмат расонад. Эътибори махсус ба тезондани ҷараёни убури назорати гумрук, нуқтаҳои бозрасӣ ва дарёфти багаж дода мешавад. Дар толорҳои интизорӣ, толорҳои CIP, хонаҳои модар ва кӯдак, маҳалли ибодат, нуқтаи тиббӣ ва дигар шуъбаҳо шароити хуб барои мусофирон ба вуҷуд оварда шудааст. Мағозаҳои Duty Free, Wi-Fi-и бепул, шуъбаи визадиҳӣ барои сайёҳони хориҷӣ фаъолият доранд.
Президент шароити бавуҷудовардашудаи терминали навро хуб арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки аз онҳо босамар истифода бурда, теъдоди парвозҳои байналхалқӣ ва мавҷи сайёҳони хориҷиро афзуда, ба сифати хидматрасонӣ эътибори алоҳида нигаронда шавад. Доир ба лоиҳаи сохтмони хати нави парвозу фурудоӣ супоришҳо дода шуд.
Ҳангоми сафар ба вилояти Сурхондарё Президенти мамлакат аз мақбараи Султон Саодат боздид намуд. Аз Қуръон сура тиловат гардид.
Бино бар фикри олимон, тақрибан соли 865 Ҳасан ал-Амир якҷоя бо қарибонаш дар Тирмиз иқомат ихтиёр намуд ва ба сулолаи бонуфузи саидҳо оғоз бахшид. Дар асрҳои миёна саидҳои тирмизӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакатҳои гуногун, аз он ҷумла дар давлати Амир Темур нақши муҳим доштанд. Соҳибқирон ва темуриёне, ки ба эҳтироми  ворисони Пайғамбар эътибори алоҳида қоил буданд, дар ин ҷо мақбара ва ибодатгоҳ сохтанд. Мадфанҳое, ки дар ин ҷо дар асрҳои баъдӣ ба вуҷуд омаданд, тибқи анъанаҳои меъмории замони худ сохта шуда буданд. Бино бар ин маҷмӯаи мазкур молики аҳамияти бузурги таърихӣ, маънавӣ ва маданӣ мебошад.
Президент таъкид кард, ки маҷмӯаи мазкур арзиши нодири маънавӣ дошта, барои аҳли ислом макони муқаддас ба шумор меравад, аз ин рӯ таърихи онро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, онро то ба халқ ва ҷамъияти хориҷӣ бояд расонд. Доир ба ободонии ҳудуди маҷмӯа дар асоси  ковтуковҳои археологӣ супоришҳо дода ба маҳалли васеъ ва зебои зиёратии мисли мақбараи Имом Бухорӣ ва Зангиато табдил додан супориш дод.
Шавкат Мирзиёев инчунин аз мақбараи Ҳаким ат-Тирмизӣ боздид намуд. Бо нияти сулҳ ва фараҳмандии мамлакатамон ибодат ба амал оварда шуд.
Маҷмӯаи мақбараҳое, ки дар худ таърихи бой, маданият, анъанаҳои меъмории моро таҷассум менамоянд, Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигарӣ, ки дар дараҷаи баланди ташкилӣ ба вуқӯъ меояд, ба минбаъд баланд бардоштани обрӯи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ мусоидат хоҳад намуд.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Холмӯъмин МАМАТРАИМОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
мухбирони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: