ДАР СӮХ ЭКОТУРИЗМ ТАШКИЛ ХОҲАД ШУД

Дар як суҳбати мизи гирд, ки дар шаҳри Тошканд бо иқдоми Академияи илмҳои Турон ва Маркази илмӣ-тадқиқотии “Маҳорат ва менеҷмент” баргузор гардид, масъалаи ташкили экотуризм дар ноҳияи Сӯх мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар як суҳбати мизи гирд, ки дар шаҳри Тошканд бо иқдоми Академияи илмҳои Турон ва Маркази илмӣ-тадқиқотии “Маҳорат ва менеҷмент” баргузор гардид, масъалаи ташкили экотуризм дар ноҳияи Сӯх мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин суҳбат олимони соҳаҳои гуногун, коршиносони соҳаи туризм, намояндагони аҳли ҳунару фарҳанг, адибон ва дӯстдорони экотуризм ширкат намуданд.
Ба гуфтаи директори мактаби махсуси рақами 1-уми ноҳияи Сӯх Фарҳод Ҷӯраев ноҳия барои ташкил намудани экотуризм хеле мувофиқ ва муносиб мебошад. Ҳоло дар ин ҷо созмони экотуризми “Кӯҳандиёр” фаъолияти худро роҳандозӣ хоҳад кард. 
– Ин ноҳия аз чаҳор тараф дар иҳотаи вилояти Боткенти Қирғизистон воқеъ гаштааст. Аммо қуллаҳои сарбафалаккашида, киштазорони бекарон, боғҳои мевадиҳанда, оби зулоли дарё ва чашмаҳо, табиати ҳавояш мусаффо ва одамони содаву самимиаш  ба ин минтақаи дурдасти кишварамон шукӯҳи тоза бахшидаанд, – гуфт Ҷӯраев.
Дарвоқеъ, ҳар фарде, ки ба ин гӯшаи табиаташ гуворо сафар мекунад, намехоҳад зуд ақиб баргардад, зеро ҳузур дар канори ин гӯшаи биҳиштосо танҳо ба ҷону тани вай осоишу оромӣ ато мекунад.  
Ногуфта намонад, ки ноҳия дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштааст. Ҳанӯз дар замонҳои қадим он маркази тиҷорат будааст. Инчунин, ба ин ҷои хушбоду ҳаво арбобони давлатӣ ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Арбоби давлатӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур як соли тамом дар ин ҷо сукунат ихтиёр кардааст ва маҳз аз ҳамин ҷо бо қӯшуни гирдовардааш барои ишғоли Афғонистон ва Ҳинд лашкар кашидааст. Бобур дар китоби “Бобурнома” дар бораи Сӯх ва Ҳушёр, инчунин мардуми он афкори ҷолиб баён кардааст. Ба эътирофи ӯ дар ин гӯшаи биҳиштӣ одамони чусту чолок ва содаву самимӣ зиндагӣ мекунанд.
Тамошо аз Санги ойина, Санги арӯс, Давон, Чордара, Ҳойити сангин, Санги навишта, қадамҷойҳои Хоҷаи Қулфу Занҷиркушо, Хоҷаи Ориф, Хоҷаи Гаҳвораҷунбон, биноҳои аз нигоҳи миллӣ эъморшуда ва амсоли он барои ҳар як сайёҳи чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ ҳатман таассуроти неку амиқ боқӣ хоҳад гузошт.
– Сӯхзамин аз он ҷиҳат аз минтақаҳои дигари экотуризм фарқ мекунад, ки чаҳор тараф табиати мусаффо ва дилпазир ҳукм меронад. Кас худро куллан дар олами дигар эҳсос менамояд, – изҳор кард раиси Академияи фанҳои Турон Ҳайдарбек Бобобеков.
Ба таъкиди ӯ зимни сафар ба ин гӯшаи мамлакат аз дидани он манзара хушҳол гардид, ки барои қабули сайёҳон меҳмонхонаҳо бунёд шудаанд ва бо ҷиҳози лозимӣ таъминанд. Ҳайдарбек Бобобеков боз тазаккур дод, ки роҳҳои байни деҳаҳо куллан тармим гардида, оиди рушду нумӯъи ноҳия иҷрои корҳои зиёд барномарезӣ мегарданд. Бо вуҷуди минтақаи дурдаст будани он, мушкилоти нерӯи барқ мавҷуд нест.
Рофӣ Пардаев – полковники мустафъӣ гуфт, ки чанд соли фаъолияташро ба ҳайси фармондеҳи минтақавии нерӯҳои марзбонӣ дар ин ноҳия сипарӣ намудааст. Ба гуфтаи ӯ тарзи ҳаёти мардум худ як мавзӯи хосест, ки таваҷҷӯҳи ҳар як сайёҳро ба худ ҷалб хоҳад кард.
– Дар 27 ҷамоати шаҳрвандони ноҳия ҷойҳои диданӣ ва зиёраткунӣ хеле зиёданд. Фикр мекунам, ки экотуризм маҳз хоси ин ноҳия мебошад. Агар дар соҳили дарёи Сӯх хоначаҳои хурди истиқоматӣ бунёд гарданд, нур болои нур хоҳад шуд. Он гоҳ сайёҳон бевосита дар оғӯши табиати барҳаво маскан мегузинанд, – илова кард Пардаев.
– Дар ноҳия бо таъсиси конфронс ё мушоира метавон сафарҳои эҷодии адибонро ташкил намуд. Меҳмонон алҳол метавонанд тавассути ҳавопаймо худро ба он ҷо расонанд. Ин боз як шароити мувофиқ барои афроде мебошад, ки ҳанӯз шиносномаи хориҷӣ нагирифтаанд, аммо барои рафтан ба Сӯх шавқу ҳаваси зиёд доранд,– таъкид варзид дотсент Шоира Орипова.
– Фикри сафар ба он ҷо шахсан маро ором намегузорад ва ҳатман фасли баҳорон меҳмони мардуми меҳмоннавози Сӯх хоҳам шуд, аз кӯҳу дара ва боғу киштазорҳои он боздид хоҳам кард, – гуфт доктори илми таърих, профессор Раҳмоналӣ Ҳасанов.
Бино ба ақидаи мавсуф экотуризм дар ин ҷо бояд аз таълифу таҳияи “Роҳнамо” ва буклетҳои гуногун оғоз ёбад. Хосатан роҳнамо имкон медиҳад сайёҳ донад, ки ба куҷо меравад ва аз кадом ҷойҳои таърихиву зиёратгоҳҳои он боздид менамояд. 
Бостоншинос Александр Крахмал дар ноҳияи Сӯх солҳои зиёд зиндагӣ кардааст ва ба таҳқиқоти илмӣ машғул шудааст. Мавзӯи рисолаи номзадиаш маҳз ба таърихи Селенгур бахшида шудааст.
Вай дар бораи таърихи Селенгур – гаҳвораи тамаддун гуфт, ки бостоншинос А. Окладников соли 1958 аз ғори Селунгури Сӯх косахонаи сари одамонро пайдо кардааст, ки 1,5 миллион сол пеш аз солшумории милодӣ аз аҳди қадими он будаанд. Илм аз асрҳои пешин маркази фарҳангу тамаддун будани ин минтақаро низ собит намудааст.
– Олоти сангии алоҳидаи ин давра дар водии дарёи Сӯх низ ёфт шуда, дар ғори Селунгур ҷасади одами қадима ба даст омадаааст, ки Фарғонтроп номаш додаанд, – гуфт Александр Крахмал.
Вай афзуд, ки ҳамон мори дусарае, ки дар ҷараёни кофтуковҳои бостоншиносӣ дар Селенгур пайдо шудааст, як саҳифаи таърихи мардуми ин ҷоро тараннум мекунад ва ҳоло дар осорхонаи таърихи Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта шудааст. 
Ногуфта намонад, ки дар бораи таърихи қадимаи ин маҳал ғорҳои Оби шир, ки дар бостоншиносӣ бо номи «фарҳанги нави Сӯх» машҳуранд, шаҳодат медиҳанд. Яъне он маскани аҳолинишини қадимтарин муаррифӣ шудааст. Ба гуфтаи муаррих Я. Ғ. Ғуломов, Сӯх ҳамчун шаҳр дар ҳазораи якуми пеш аз милод вуҷуд доштааст. Истахрӣ, Ибни Ҳаукал, Макдисӣ барин олимон дар бораи ин сарзамин маълумот ироа кардаанд, инчунин дар китоби «Ҳудуд-ул-олам» (асри Х) маълумоти зиёд метавон пайдо кард. 
Ба таври илова ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки ноҳия бештар аз 80 ҳазор аҳолӣ дорад, ки қариб ҳамаашро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд. 

Нодира ХОЛМАТОВА,
ходими илмии осорхонаи Донишгоҳи давлатии Фарғона.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик” дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: