ДАР СӮХ ШУКӮҲИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ҲУКМ МЕРОНАД

  • ДАР СӮХ ШУКӮҲИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ҲУКМ МЕРОНАД
  • ДАР СӮХ ШУКӮҲИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ҲУКМ МЕРОНАД
  • ДАР СӮХ ШУКӮҲИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ҲУКМ МЕРОНАД

Бунгоҳи тиббӣ – дар хидмати мардум

Ҳамон рӯз барои мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх рӯзи иду нишотро мемонд. Ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев ва раҳбари сектори сеюм, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Қосимҷон Раҳимбердиев бо як қатор мутасаддиёни идораҳои давлатӣ дар гузари ин маҳалла, воқеъ дар кӯчаи “Зиё” бо мардум мулоқоти сайёр гузарониданд. Баъд аз он ки ин мулоқот ба анҷом расид ва пурсишҳои зиёд посухҳои мусбат пайдо кард, дар ҳузури аҳли маҳалла маросими ифтитоҳи бунгоҳи муҷаҳҳази тиббӣ баргузор гардид.

– Ин бунгоҳи тиббӣ минбаъд дар хидмати мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр қарор мегирад, зеро дар сурати зарурат акнун бемороне, ки дар хона муолиҷа мегиранд ва ё ба кумаки ходими тиббӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд, ба  поликлиника  рафта намеоянд. Дар ин ҷо як пизишк ва ҳамшираи шафқат рӯзона ба қабули беморон машғул мешаванд, – гуфт Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Вай афзуд, ки ноҳияи Сӯх дар маърази эътибори Президенти мамлакатамон қарор дорад. Корҳои ободониву навгониҳои зиёде, ки имрӯзҳо дар ноҳия сурат мегиранд, маҳз бо амру ҳидояти Сарвари давлат корбаст мегарданд.
– Агар ба ноҳияи Сӯх шахсоне ташриф оваранд, ки муқаддам аз он боздид кардаанд, шояд онро нашиносанд. Зеро навигариву дигаргуниҳои куллие, ки ба вуқӯъ пайвастаанд, ба ҳар шаҳраку деҳот ва маҳаллаи он намои нав  ва шукӯҳи тоза ато кардааст. Ин ҳарфҳо ҳаргиз муҳобот наянд. Ҳамагон медонанд, ки ноҳияи мо аз минтақаҳои дурдасти кишвари паҳноварамон маҳсуб меёбад, вале агар ҳамин дурдастии онро ба ҳисоб нагирем, шояд таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоии чаҳор-панҷ соли охири он тарзи муқоисанашавандаро ба худ касб намудааст, – изҳор намуд бо ифтихор ҳокими ноҳия.
Тавре ки вай боз тазаккур дод, ҳамагӣ чанд моҳ муқаддам роҳҳои пасту баланд ва барои равуои одамону ҳаракати нақлиёт ноқулайи кӯ-чаҳои “Зиё”, “Боло”, “Поён”, “Қақир”, “Шӯхча” “Кунҷак”, “Адир”, “Роҳи нав”, “Маҳаллаи нав”-и ҷамоатҳои шаҳрвандони Ҳушёр, Себзор ва Қақир куллан тармим ва мумфарш гардид. Ҳоло намуди кӯчаҳои зиёд хеле тағйир ёфтааст.
– Агар шабона аз ин ҷо гузоратон афтад, мебинед, ки мисли рӯз равшану тобон мебошад. Барои чунин ғамхориҳои беназир ба сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ибрози сипосу минатдорӣ мекунам, – мегӯяд раиси ба тозагӣ интихобшудаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр Ҷонибек Сайнимонов. – Дирӯз як гурӯҳ меҳмонони тоҷикистониро ба ҳудуд пазируфтем. Ташкил шудани ҳавопаймо бо хатсайри “Фарғона – Сӯх – Фарғона”, ки ҳафтае панҷ маротиба ва баъзан аз он ҳам бештар парвоз мекунад ва мусофиронро интиқол медиҳад, беҳтарин навигарӣ дар панҷ соли охир барои чунин ноҳияи дурдасти мамлакати мо мебошад. Зеро, танҳо мардуми ноҳияи Сӯх аз чунин имконият бархӯрдор мебошанд ва аз маркази вилоят метавонанд худро тавассути ҳавопаймо ба манзил расонанд.
Дарвоқеъ, муддати дароз шаҳрвандони кишвари сеюм имкони омадан ба Сӯхро надоштанд. Баъди қабули қарор аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” дар баробари навигариҳои зиёд маҳз парвози ҳавопаймо бо хатсайри “Фарғона – Сӯх – Фарғона” ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони аэродроми нав аз буҷаи давлат бештар аз 7 миллиард сӯм харҷ карда шуд. Ҳоло ҳар шаҳрванди кишвари сеюм метавонад ба ноҳияи Сӯх омада, бо ҳаёту рӯзгори мардуми он ва шароитҳои фароҳам овардашуда ошно шавад.
Ҳар фарде, ки озими ноҳияи Сӯх мешавад, хусусан дар моҳи гармои тобистон, баъди убури минтақаи Бургандии вилояти Боткент ва расидан ба болои ағбаи пурпечутоб ба димоғаш ҳавои тоза мезанад ва дар баробари табиати зебову ороста, пеши назари ӯ дарёи пурталотум, чашмаҳои мусаффо, саҳроҳои сарсабзу хуррам, боғҳои пурҳосил ҷилвагар мегарданд. 
– Рӯзмарра дар чаҳор сектор чунин корҳои ободонӣ пиёда мешаванд. Полковники милитсия Қосимҷон Раҳимбердиев, подполковники адлия–прокурори ноҳия Садралӣ Мирзокаримов, сардори шуъбаи андози ноҳия Фаридҷон Турабоев мунтазам иҷрои корҳои барномарезишударо дар секторҳои худ назорат мекунанд ва поёни рӯз гирдиҳам омада, мавриди баррасӣ қарор медиҳем, – мегӯяд Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.    

Азхудкунии заминҳои нав бо суръат идома дорад

Дар панҷ соли охир барои анҷоми бунёдкориҳо, сохтани манзилҳои замонавӣ, шифохона, дабистону кӯдакистонҳо як триллион сӯм ихтисос дода шудааст. Танҳо 500 миллиард сӯми он ба солҳои 2021-2022 рост меояд. Дар ин росто ба воситаи оби насосҳо барои азхудкунии ҳазорҳо гектар майдонҳои бекорхобида азму ҷазми ҷиддӣ ба кор бурда мешавад. 
– Барои баровардани об ва азхудкунии заминҳои мавзеи “Қайроқ” 100 миллиард сӯм сарф карда шуд. Ҳоло бештар аз ҳазор гектар замин тавассути оби ин насосҳо обёрӣ карда мешавад. Азхудкунии мавзеи “Ҷавпая” бошад, барои ба кор таъмин шудани аъзои садҳо хонаводаи ноҳияамон мусоидат менамояд. Мо аз ҳамин тариқ ба коҳиши сафи бекорон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор муваффақ мешавем, – мегӯяд Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Инсон замоне ба фардо дилпурона менигарад, ки рӯзгораш осуда ва аз ояндаи фарзандонаш хотирҷамъ бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, манбаи даромади доимӣ доштан, ба ибораи дигар, мувофиқи имконият ва қобилияти худ кор пайдо кардани ӯ лозим аст. Бекорӣ яке аз масъалаҳои мубрами бахши аъзами аҳолии Сӯхро ташкил мекунад. Ба ин маънӣ ба масъалаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ диққати калон дода мешавад. 
– Қариб 4 ҳазор гектар замини кӯҳсор, воқеъ дар мавзеъҳои Ҷавпая, Суратӣ, Варган ва Малбут ба тасарруфи хоҷагии ҷангали вилояти Фарғона гузашт, ки хоҷагии қишлоқ аз истифодаи он баҳраманд нашудааст ва солҳо боз ин миқдор замин аз эътибор соқит дониста мешуд. Дар айни ҳол барои барпо намудани лимӯзорҳо, рӯёндани меваю гиёҳҳои шифобахш, аз қабили лаванда, каврак, наъматак лоиҳаҳои дурнамо ба амал бароварда мешаванд, – афзуд ҳокими ноҳия.
Маълум шуд, ҳаҷми умумии имтиёз аз даромади солонаи андозе, ки соҳибкорони сӯхӣ ба хазинаи давлат мепардохтанд, 19 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Соҳибкорон бо ин маблағ метавонанд фаъолияти худро бештару беҳтар тавсеа бахшанд ва бо истеҳсоли маҳсулот, роҳандозии ҷанбаҳои нави меҳнат барои рушду нумӯъ ва фаровониҳои мардуми ноҳия нақши худро гузоранд.
– Татбиқи шабакаҳои замонавии ирригатсионӣ ва технологияҳои сарфакунандаи об бо дастгирии ҳукумати вилояти Фарғона, идораи шуғли аҳолӣ, сарпарасти ҷавонон дар афзоиши даромад мусоидат мекунад. Мо ба шахсоне, ки дар “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” шомил шудаанд, аз ҳисоби заминҳои азхудшуда 10 сотихӣ ҷудо карда додем, то ки гармхона ва боғҳои интенсивӣ бунёд кунанд. Онҳо сокинони  ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Тӯл, Қалъача, Соҳибкор, Ғазнов мебошанд, – мегӯяд сарпарасти ҷавонони ноҳия Дадахон Ҳасанов. 
Гуфта мешавад, ки барои ин мавзеъ аз дарёи Сӯх то панҷ километр об гузаронида шуд, ба бештар аз ду километр шабакаи барқ интиқол ёфт. Дар киштзорҳо ҳавзҳои махсус сохта шуда, системаи обёрии қатраӣ ҷорӣ гардид. Дар вилоят қариб ҳазор оила барои бунёд кардани боғҳо ғайратмандона меҳнат мекунанд. Дар натиҷаи меҳнати онҳо бозорҳои вилоят аз намудҳои гуногуни меваву сабзавот: себ, нок, зардолу, хурмо, шафтолу, картошкаву сабзӣ, пиёзу карам, кабудиҳо ва намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ фаровон мегардад.
– Ман омӯзгор ҳастам ва ба тарбияи насли наврас машғул мебошам. Аммо азхудкунии заминҳои навро дида ғайратам ҷӯш зад ва муроҷиат кардам, ки барои гирифтани даромади иловагӣ аз ҳисоби ҳамин заминҳои нав 15 сотих ҷудо карда диҳанд. Ҳоло гармхона сохтаву бо зану фарзандон ва келину набераҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул ҳастем. Аллакай меҳнатамон самари хуб ба бор меоварад ва ҷои ифтихор аст, ки мо низ дар фаровонии дастурхони мардум саҳми шоистаи худро мегузорем, – мегӯяд сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қалъача Солиҷон Ғаффоров.
— Бо маблағ ва кумаки давлат заминҳои зиёд азхуд карда мешаванд ва мояи даромади хонаводаҳои зиёд мегарданд, ки аз бекорӣ сарсон мегаштанд. 

Фароғатгоҳ ҷои дӯстдоштаи кӯдакон

Дар шафати роҳи мошингузари Ровон – Шарқобод, воқеъ дар соҳили дарёи Сӯх,  бунёд ёфтани боз як иншооти бошукӯҳ барои мардуми ноҳия, хусусан кӯдакону наврасон хурсандиву шодмониҳои зиёд бахшид. Боиси қайд аст, ки одамон то бунёди бозори нави деҳқонӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва ин фароғатгоҳ заминҳои соҳили дарёро ба сифати посира истифода мебурданд ва дар он ба шоликорӣ машғул мешуданд. Бо тақозои вақту замон ин минтақаи соҳили дарёи Сӯх ба маркази бунёдкориҳои наву замонавӣ табдил ёфт. 
Бо амри Президенти мамлакат, инчунин саъй ва эҳтимоми Федератсияи  иттиҳодияҳои касабаи Ӯзбекистон фароғатгоҳи солимгардонии “Сӯх” дар муддати кӯтоҳтарин сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар масоҳати 5 гектар барои бунёди ин фароғатгоҳ корҳои сохтумонӣ вусъат гирифтанд. Барои сохтаву ба истифода додани он аз ҳисоби буҷаи давлат 28 миллиард сӯм ихтисос дода шуд. Ҳоло ин бинои наву замонавӣ таваҷҷуҳи ҳар як роҳгузарро ба худ ҷалб менамояд. 200 нафар кӯдакону наврасони ноҳия дар чаҳор баст дар фароғатгоҳ таътили тобистонаи  худро сипарӣ мекунанд. 
– Дар мамлакате, ки кӯдаконаш дар баробари таълиму тарбия ва навозиш низ фаро гирифта мешаванд, ҳамеша хандаву сурур, шодиву нишот  ҳукмфармост. Дар маросими кушодашавии ин фароғатгоҳи солимгардонӣ ширкат мекардам. Ҳамон лаҳзаҳо дар вуҷудам эҳсоси ғуруру ифтихор ва шукронагӯӣ ҷӯш зада буд. Медидам, ки дар Сӯхи дурдасти ман чунин корҳои бузург ба вуқӯъ мепайванданд ва дилам мехост, ки боз дубора кӯдак шаваму худро ба оғӯши ин фароғатгоҳҳои пуршукӯҳу пурҷило занам, – мегӯяд омӯзгори бознишаста Мирзоамин Умаров.
Дар ҳақиқат, дар оғӯши табиати пурсаховату пурсафо бунёд шудани чунин як фароғатгоҳ барои мардуми ноҳияи Сӯх армуғони беҳтарин мебошад. Сабти шиори “Аълохонӣ – кори мо, пешравӣ – шиори мо!”  низ баёнгари он мебошад, ки фарзандони аҳли ин диёри куҳанбунёду таърихаш дурудароз ҳамеша ба қаламу китоб ва донишу маърифат шавқи беандоза доштанду доранд.
Ногуфта намонад, ки дар ҷои фароғатгоҳи собиқ ва хеле номдори “Боғи Сангин”-и ноҳияи Сӯх, ки дар як баст садҳо нафар кӯдакону наврасонро ба оғӯш мегирифт ва онҳо тобистони хуррами худро он ҷо сипарӣ мекарданд,  кайҳо асаре боқӣ намондааст. Баръакс, он ҷо иншоотҳои дигар сохта шудаву ба таъбире, ҳоло ҷои дӯстдоштаи танҳо калонсолон қарор гирифтааст. Барои ҳамин қарори давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ бобати сохтани фароғатгоҳи солимгардонии “Сӯх”-ро беҳтарин роҳи ҳалли мушкили фарзандони аҳли ин диёр арзёбӣ метавон кард. 
– Ҳар сол, бо фаро расидани таътили тобистона, мо намедонистем, ки барои кӯдакон чи шароите фароҳам оварем, ки вақти онҳо хушу босамар гузарад. Танҳо 20-30 нафари онҳо дар фароғатгоҳи “Коинот”-и шаҳри Қӯқанд таътили худро сипарӣ мекарданд. Масъалаи равуо аз тариқи марзи Қирғизистон мушкилоти худро низ дошт. Барои ҳамин орзу мекардем, ки дар ноҳияамон чунин як иншоот сохта шаваду кӯдакон дар он таътили худро бофароғат гузаронанд. Ҳоло чеҳраи шоду мамнуни ин кӯдакон худ аз он шаҳодат медиҳад, ки  онҳо бо ҳамтоёни худ таътилашонро хушу гуворо сипарӣ мекунанд, – мегӯяд мудири ин фароғатгоҳ Таваккал Эркаев.
– Водии Сӯх яке аз қадимтарин маконҳои башарият дар Осиёи Марказӣ аст, – гуфта буд роҳбари Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Мирзо дар маросими ифтитоҳи ин фароғатгоҳи кӯдакон. – Вақте дар бораи ёдгориҳои асри санг сухан меравад, номҳои Чашма ва Селунғурро зикр мекунанд. Ва фарҳанги Обишир аз мӯъҷизаҳои аҷиб сухан мегӯяд. Таърихи садсола дар як хоки пурбори Фарғона, аз ҷумла Сӯх таҷассум ёфтааст, ки ҳар кӯҳу теппа, фарозиҳо, ҳатто санги он ба таърихи бостонӣ, фарҳангу маънавияти ҷовидонӣ иртибот дорад. Мо ин ҷо хирадмандии рӯҳи уламои бузург ва авлиёи азиз, нафаси ҳазрати Бобурро ҳис мекунем. Дар ёдгориҳои кӯҳнаи ин сарзамин, мисли Санги Ойина, зиёратгоҳҳои Ҳазрати Алӣ, Маҳмуди Ғазнавӣ, Пули Бобур, Мазорбува ва ғайра изи бузургон боқӣ монда, шоҳиди гузаштаи дуру дарози мост. Бовар дорам, ки имрӯз ҳар як сокини Сӯх нафаси Ӯзбекистони Навро дар ҳаёти худ, дар оилаи худ ҳис мекунад.

Вусъати корҳои ободонӣ дар Ӯзбекистони Нав

Ноҳияи Сӯх беш аз 80 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Президенти мамлакат на танҳо ин 80 ҳазор, балки ба садҳо ва ҳазорон фарзандони мо, ки фардову оянда ба дунё меоянд, таваҷҷуҳ мекунад, то ки онҳо хушбахту осуда зиндагӣ кунанд. Дар доираи татбиқи қарори Сарвари давлат аз 8 августи соли 2020, ки пештар ёдоварӣ кардем,  дар ин ноҳия корҳои васеъмиқёс ба анҷом расонида шуданд. 75 лоиҳаи тараққиёти саноат, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ татбиқ гардида, дар натиҷаи он 76,9 миллиард сӯм маблағҳои сармоягузорӣ азхуд карда шуд. Ин лоиҳаҳо боис гардид, ки бештар аз 2 ҳазор ҷои нави кор фароҳам оварда шавад.
– Танҳо дар ду соли охир барои беҳтар намудани шабакаҳои муҳандисию алоқа ба маблағи 236,4 миллиард сӯм корҳои сохтмону таъмир анҷом дода шуданд. 12 муассисаи таълими томактабии давлатӣ, оилавӣ ташкил карда шуд ва  дар 11 муассисаи таълими томактабӣ гурӯҳҳои иловагӣ ифтитоҳ ёфтанд. Натиҷа бозгӯӣ мекунад, ки нишондиҳандаи фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо қариб ба 70 фоиз расидааст. Барои  тармими мактабҳо 34 миллиард сӯм, барои сохтан ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббӣ 27,8 миллиард сӯм, барои иншоотҳои варзишӣ 5,5 миллиард сӯм сарф карда шуд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
 Гуфта мешавад, дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои  «Ровон», «Истиқлол», «Қалъа», «Сӯх», «Ғазнов», «Ҳушёр», «Мӯлгон», «Шарқобод», «Офтобрӯ» корҳои ободонӣ сурат гирифт ва иншоотҳои гуногун сохта шуд, ки  барои  беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ хизмат мекунанд. 
– Бахт ба рӯи хатмкунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ ва литсейҳову коллеҷҳои касбу ҳунари ноҳияи мо хандидааст. Ҷудо намудани 500 квота барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ як қадами муҳим дар роҳи рушд ва дурнамои таълим дар ноҳия мебошад. Ду сол муқаддам бо истифода аз ин квотаҳо бештар аз 500 нафар ҷавонони сӯхӣ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои гуногун аз тариқи гранти давлатӣ дохил шуданд. Имсол низ боз давлат барои ҷавонони мо 500 квота ҷудо кардааст ва ҳар довталаб метавонад аз ин имконият фаровон истифода кунад, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сӯх Беҳрӯз Ҳусейнов. 
Яке аз муаммоҳои умдаи мардуми ноҳияи Сӯх равуо ба маркази вилоят буд, ки бештар аз ду даҳсола онҳоро азият медод. Баъди ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев муносибат ба ноҳияи Сӯх, ки ҷузъи ҷудонашавандаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, комилан тағйир ёфт, – мегӯяд собиқадори меҳнат Субҳиддин Шарофиддинов. – Мушкилоте, ки солҳо боз моро ба ташвиш меоварданд, зина ба зина ҳал шуда мераванд.
Президенти мамлакат ҷавонони кишварамонро бунёдкорони Ӯзбекистони Нав мехонад. Ҳар як ҷавон бояд ин ҳарфҳои Сарвари давлатамонро дарк намояд ва донад, ки барои ояндааш худи ӯ масъул мебошад. Барои ҳамин онҳоро аз ҳар ҷониб бояд дастгирӣ намуд ва барояшон шароити мусоид фарохам овард. Маҳз ба ҳамин ҷиҳат дар ноҳияи Сӯх таваҷҷуҳи хос сурат мегирад. 
Дар ноҳия сафи онҳое, ки бо дастовардҳои худ дар соҳаҳои илму варзиш, эҷодиёти бадеӣ, соҳибкорӣ ҳамаро ба ҳайрат меоранд, сол аз сол меафзояд. Номи ҷавонони зиёде аз Сӯх, аз қабили Расулбек Давронов, Абдураҳим Қозиев, Фарҳод Исоев, Сӯҳробҷон Қориев, Насим Муҳиддинов, ки дар мусобиқоти варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ғолиб омадаанд, метавон бо ифтихор зикр кард.
– Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои хариди таҷҳизот ба мо 467 миллион сӯм ҷудо намуд. Ҳоло дар чанд толори муҷаҳҳаз ҷавонписарону ҷавондухтарони Сӯх дар намудҳои гуногуни варзиш тамрин мекунанд. Бидуни гранти давлатие, ки барои ҷавонони сӯхӣ ҷудо шудааст, 127 нафар варзишгарони мо дар донишгоҳҳои гуногуни кишвар таҳсил мекунанд ва дар мусобиқаҳо ширкат менамоянд. Аз ин шумор 53 нафар дар Донишгоҳи давлатии Фарғона, 47 нафар дар Донишкадаи омӯзгории Қӯқанд, 17  нафар дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон  ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шудаанд, – мегӯяд сардори шуъбаи рушди варзиши ноҳияи Сӯх Сӯҳроб Қозиев.
Соҳибкорон имрӯз дар болоравии иқтисодиёти  ноҳия фаъол ҳастанд.  
Дар соли 2022 бар асоси барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯх дар доираи 39 лоиҳаи сармоягузорӣ ҷалби сармояи мустақим ба маблағи 3 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст. Сӯх то солҳои охир дар байни ноҳияҳои вилояти Фарғона мушкилтарин минтақаи таъмини оби ошомиданӣ ба ҳисоб мерафт. Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ бо оби нушокӣ таъмин намудани ноҳия ба 100 фоиз мерасад. Барои иҷрои ҳамин мақсад дар назар дошта шудааст, ки 30 иншооти обӣ сохтаву аз нав таҷдид карда мешавад ва ба масофаи 274 километр шабакаи оби нӯшокӣ мехобонанд.

Роҳҳову пиёдаравҳо равону обод мешаванд

– Дар се соли охир мо корҳои азимро ба ҷо овардем, бояд гуфт, ки дар дуним-се даҳсола нишондиҳандаи хеле баланд шумурда мешавад. Соли 2020 ба андозаи 26 километр роҳҳои дохилиро мумфарш намудем. 25 километри роҳи мошингард ва 25 километр роҳи пиёдагард мумфарш гардид ва ба ронандагону одамони шаҳраку рустоҳои зиёди ноҳияамон ҳузуру ҳаловат бахшид. 51 километр шағалпӯш карда шуд, – мегӯяд сардори идораи Роҳҳои автомобилии ноҳияи Сӯх Ҳабибҷон Мирзоев.
Ба таъкиди ӯ соли гузашта ходимони ин идора 36,2 километр роҳҳои дохилиро мумфарш, 18,4 километр роҳро шағалрезӣ кардаанд. Соли равон бошад, 7 километри роҳ мумфарш гардида, ба 8 километри роҳ симон хобонидаанд ва 4 километри роҳ шағалпӯш шудааст.
 – Ҳоло боз ҳудуди 15 километр роҳҳои дохилӣ мумфаршу симон карда хоҳад шуд, – изҳор намуд Ҳабибҷон Мирзоев.

Ба ҷои хотима  

Дар паси сарҳад як гӯшаи Ватани азизи мо воқеъ гаштааст. Аммо панҷ-шаш сол пеш мардуми ноҳияи Сӯх ҳангоми убур аз тариқи гузаргоҳҳои марзие, ки ду кишварро мепайванданд, сахт азият мекашиданд. Онҳое, ки дар ҳамон солҳо ба ин ноҳия сафар кардаанд, дарди мардуми онро хеле хуб дарк менамоянд. 
Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президент Шавкат Мирзиёев «яхҳои» чандинсола об шуд. Муносибатҳои аз нав барқароргардидаи дӯстонаи ду халқи бародар ба дили сокинони Сӯх умед бахшид ва сулҳу осоиш овард. Барқарор кардани посгоҳҳои сарҳадии «Риштон» («Қайтпас»), «Тул» («Этикчӣ») байни вилояти Фарғона ва вилояти Боткенти Қирғизистон, кушода шудани роҳи Сӯх – Риштон тавассути хоки Қирғизистон як ҳодисаи фаромӯшнашаванда барои мардуми ду самти марз гардид. Имрӯз мусофирон ба ҷои он ки 80 километр роҳро тай карда, худро ба маркази вилоят расонанд,  бо тай кардани роҳи нисбатан кӯтоҳи 20-25  километрӣ худро аз як марзи Ӯзбекистон ба марзи дигари он мерасонанд. 
Оре, рӯзмарра дар ноҳияи Сӯх ба бунёдкориҳои нав ба нав даст мезананд. Дар ин ҷо талош ба харҷ дода мешавад, ки мардуми шаҳраку рустоҳои он аз давлату ҳукумати худ розӣ бошанд. Барои ҳамин вақте ки бо мардуми он ҳамсуҳбат мешавед, шукронагӯӣ ва изҳори миннатдории онҳоро эҳсос мекунед. 

Маъсудҷон СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.
Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: