Дар шаҳри Тирмиз Мактаби президентӣ ба истифода супурда шуд.
Дар шаҳри Тирмиз Мактаби президентӣ ба истифода супурда шуд. Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат баргузор гардид, намояндагони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, омӯзгорон, хонандагони мактаб ва падару модарони онҳо, куҳансолон иштирок карданд.
Ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, директори Оҷонсии муассисаҳои таълимии президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳилола Умарова, муовини сардори раёсати вилоятӣ оид ба дастгирии маҳалла ва оила, сенатор Орзиқул Соатов махсус таъкид намуданд, ки тағйирот ва дигаргуниҳои дар низоми таълими кишвари мо ба вуқӯъ омадаистода ба тарбия ва пешрафти ҳамаҷонибаи насли навраси соҳибмаълумот хидмат мекунанд. Таъкид шуд, ки Мактабҳои президентӣ ва имкониятҳои васеи барои писарону духтарони соҳибистеъдоду доништалаб фароҳам овардашуда, аз мактабҳои хориҷӣ камӣ надоранд.
Ин муассисаи муҳташами таълимӣ, ки дар маркази Тирмиз қомат афрохт, барои 168 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд, компутерҳо ба интернети баландсуръат пайваст карда шудаанд.
Бино ва толорҳои иловагии куллан муҷаҳҳаз гардида, барои баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра ба ихтиёри толибилмон супурда шудаанд, дар ин ҷо ошхона ва хобгоҳ низ ҳаст.
Дар соли аввали қабул ба муассисаи нави таълимӣ 9676 нафар хонандагони соҳибистеъдод ҳуҷҷат супурданд. Яъне барои як ҷо ба ҳисоби миёна 67,7 нафар талош варзиданд. 144 нафар довталабе, ки холҳои баландро соҳиб гардиданд, ба синфҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 10-и мактаб қабул шуданд.
– Писари дуюми ман Дилшодҷон Эргашев ба технологияҳои иттилоотӣ рағбат дорад, — мегӯяд Турсоат Ибрагимов аз Тирмиз. – Барилова забони англисиро меомӯзад. Чун дигар наврасон вай низ ба Мактаби президентӣ ҳуҷҷат супурд ва аз тамоми санҷишҳо бомуваффақият гузашта, аз ҷумлаи аввалин хонандагони ин мактаб гардид. Моро шароитҳое, ки дар муассисаи нави таълимӣ фароҳам оварда шудаанд, моту мабҳут сохтанд, аз Президент барои чунин эътибораш ба таълиму тарбияи фарзандони мо ва пешрафти минбаъдаи кишварамон миннатдорем.
Дар муассисаи нави таълимӣ 12 нафар омӯзгорони хориҷӣ ва 20 нафар муаллимони маҳаллӣ ба толибилмон таълим медиҳанд.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ иштирокдорон бо шароитҳое, ки дар Мактаби президентӣ фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд.
Холмӯъмин
МАМАРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.
Сурати ӮзА.