ДАР СУРХОНДАРЁ БУНЁДИ МАРКАЗҲОИ НАВИ САЙЁҲӢ ОҒОЗ ЁФТ

Дар вилояти Сурхондарё корҳои амалӣ бобати бунёди марказҳои сайёҳии «Сангардак» дар ноҳияи Сариосиё, «Амонхона» дар ноҳияи Бойсун ва «Оқтепа» дар ноҳияи Ҷарқӯрғон оғоз шуданд.

16 декабри соли сипаришуда Қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкили марказҳои сайёҳӣ, беҳсозии сохтори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Сурхондарё ва хидматрасонии замонавӣ» қабул гардид. Дар асоси он дар соҳаи сайёҳии вилояти Сурхондарё дигаргуниҳои куллӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, марказҳои сайёҳии «Сангардак» дар ноҳияи Сариосиё, «Амонхона» дар ноҳияи Бойсун ва «Оқтепа» дар ноҳияи Ҷарқӯрғон бунёд хоҳанд шуд. Сурхондарё бо табиати мафтункор, гӯшаҳои зебоманзар, обидаҳои таърихиву санъату маданияти ғанӣ ва расму анъанаҳои нотакрор диққати на танҳо сайёҳони ватанӣ, балки хориҷиро низ ҷалб сохтааст. Қарори Президент маҳз ба ҳамин хотир қабул гардид, то дар минтақа соҳаи сайёҳӣ рушд кунад. Мувофиқи қарор аз оғози соли нав ба бунёди Маркази сайёҳии «Сангардак» пойдевор гузоштанд. Ҳокими вилоят бо дуои мӯйсафедони табаррук хишти аввали ин маҷмӯаи сайёҳиро гузошта, бобати аҳамияти соҳаи сайёҳӣ, имконоти мавҷуда барои рушди соҳа ҳарф зад, ба бинокорону мутасаддиён омад таманно намуд. Барои Маркази сайёҳии «Сангардак» 615 гектар майдон ҷудо шудааст. Дар он нуқтаҳои хидматрасонии замонавӣ, савдову тиҷорат, фароғатгоҳҳои маданӣ бунёд мешаванд. Барои тамошои шаршараи Сангардак, ки аз диданиҳои ҷолиб аст, баҳри сайёҳон шароити мусоид фароҳам мегардад. Худи ҳамон рӯз ба бунёди марказҳои сайёҳии «Амонхона» ва «Оқтепа» низ асос гузошта шуд. Оби Амонхона ба бисёр бемориҳои узвҳои дохилӣ шифобахш буда, бо вуҷуди бисёр шароит, ба сабаби канда нашудани қадами сайёҳон ба ободии бештар эҳтиёҷ дорад. Аз дигар ҷониб барои рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ обу ҳавои тозаву табиати зиндаи ин минтақа хеле мусоид аст. Барои бунёди ин маркази сайёҳӣ 220,5 гектар замин ҷудо гардид. Дар маросими пойдеворгузорӣ намояндагони ҳокимияти но-ҳияи Бойсун, фаъолону собиқадорони меҳнат, мӯйсафедон ширкат варзида, ба оғози ин кори хайр дасти дуо кушоданд. Масоҳати Маркази са-йёҳии «Оқтепа», ки дар соҳили обанбори ҳамном бунёд хоҳад ёфт, 110 гектарро ташкил мекунад. Дар ин ҷо низ барои сайру гашт ва истироҳати бофароғати сайёҳон шароити лозимӣ муҳайё карда мешавад. Мавзеъ ба шаҳри Тирмиз хеле наздик аст ва иқлими Тирмиз гармтарин нуқтаи Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Бунёди маркази сайёҳӣ дар ин минтақа айни муддаост. Барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ истироҳат дар ҷойи хушбоду ҳаво, бешубҳа ҳузуру ҳаловат мебахшад. Худи ҳамон рӯз дар маҷмӯаи ёдгориҳои археологии Далварзинтепаи но-ҳияи Шӯрчӣ корҳои таъмиру тармим оғоз ёфтанд. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, мероси маданӣ, боқимондаҳои шаҳри қадими аҳди Кушон низ корҳои ободонӣ суръат хоҳанд гирифт, ки боиси ба маротиб афзудани миқдори сайёҳон хоҳад шуд.

Олим ПАНҶИЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: