ДАР СУРХОНДАРЁ ХОНАИ ЗАМОНАВИИ ДОРОИ САД ҲУҶРА БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар мавзеи Мангузари шаҳри Тирмиз хонаи бисёрошёна барои сад оилае, ки дар ҳайати худ шахсони ногирои бесаробон ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд доранд, ба истифода супурда шуд.

Дар мавзеи Мангузари шаҳри Тирмиз хонаи бисёрошёна барои сад оилае, ки дар ҳайати худ шахсони ногирои бесаробон ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд доранд, ба истифода супурда шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пирон, ҷавонон ва соҳибони хонаҳои нав иштирок карданд. Дар маросим таъкид шуд, ки дар мамлакати мо ба шаъну шарафи инсон эътибори баланд дода мешавад, ҳар як шаҳрванд мавриди эътибор ва ғамхории давлату ҷамъият қарор дорад. Вобаста ба ин фароҳам овардани шароити муносиби ҳаёт, бо манзил таъмин кардан ва дастгирии ҳамаҷонибаи оилаҳое, ки дар ҳайати худ шахсони маъюб, бесаробон ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд доранд, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд.
Дар вилояти Сурхондарё дар самти мазкур корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар соли сипаришуда 5035 оила, ки ба «дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, бо кори даромадаш мустақим таъмин гардиданд. Ба зиёда аз 21 ҳазор оила ба маблағи 26,4 миллиард сӯм кумаки моддӣ расонида шуд. Агар соли 2020 50 оилае, ки дар ҳайати худ шахсони маъюб ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор доранд, дар асоси беподош бо манзил таъмин карда шуда бошанд, дар соли сипаришуда аллакай барои 100 адад чунин оила хонаҳои замонавии панҷошёна сохта шуданд, барои ин 14 миллиарду  762 ҳазор сӯм ҷудо карда шуд.
– Ҳаллу фасли мушкилот, дастгирии ҳамаҷонибаи шумо вазифаи фахрии мост, – гуфт ҳокими вилоят Тӯра Боболов дар чорабинии тантанавие, ки вобаста ба супурдани хонаҳо баргузор гардид.
– Хонаҳо дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ки ҳангоми қабулҳои сайёр дар шаҳри Тирмиз пешниҳод гардиданд, босифат сохта шудаанд. Мехоҳам бигӯям, ки хонаҳое, ки мо дар вилоят месозем, бояд пеш аз ҳама арзон бошанд. Маҳз ҳаминро мо аз бинокорон тақозо менамоем, зеро симон дар корхонаҳои маҳаллӣ истеҳсол мешавад, дар вилоят регу шағал, хишти пухта ва дигар масолеҳи сохтмон низ мавҷуданд. Ҳамаи ин бояд ба манфиати инсон хидмат кунад. Арзиши метри мураббаи хонаҳои шумо 3 миллиону 200 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Дар соли нав ният дорем чунин хонаҳои бисёрошёнаро барои 200  оилаи эҳтиёҷманд бунёд кунем. Ғайр аз ин мо шаҳрвандонеро, ки дар ин хонаҳо зисту зиндагӣ мекунанд, бо кор ва даромади мунтазам таъмин менамоем.
Дар хонаи нави бисёрошёнае, ки аз ҷониби бинокорони корхонаи истеҳсолии «Тирмиз қурилиш саноат» сохта шуд, шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.
– Шавҳари ман маъюб аст, – мегӯяд Наргиза Тӯраева. – Мо бо чаҳор нафар фарзанд дар ҳуҷраи иҷоравӣ зиндагӣ мекардем. Ҳоло бағоят хурсандем, зеро Соли навро дар хонаи худии дорои тамоми имкониятҳо пешвоз гирифтем. Фарзандонамон хеле шоданд! Аз ҳама муҳимаш аъзобадали аввалин барои ҳуҷра аз ҷониби васоятгарон пардохта шуд. Мо аз сарвари давлат барои чунин ғамхорӣ миннатдор мебошем.
Ҳокими вилоят бо шароите, ки дар хонаҳои нав фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид ва ба соҳибони онҳо туҳфаҳои солинавӣ супурд.

Холмӯъмин 
МАМАТРАИМОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: