ДАР СУРХОНДАРЁ «СЕКТОРИ МАЪНАВИЯТ» ТАШКИЛ МЕГАРДАД

Баъд аз ташрифи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Сурхондарё дар санаҳои 16-17 ноябр дар вилоят рушду тараққиёт дар ҳама соҳа ба зинаи нав бардошта шуда, баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошташуда қадамҳои устувор гузошта шуд.

Ҳини ташриф бо пешниҳоди Президент дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин шуда вазифаи ташкили «Сектори маънавият» дар «таҷрибаи Сурхондарё» ба миён гузошта шуд. Баҳри иҷрои ин вазифа ва ташкили «сектори маънавият» дар вилоят ҷаласаи Маркази маънавият ва маърифат баргузор гардид. Дар маҷлис ҳокими вилоят, раиси Маркази маънавият ва маърифати Сурхондарё Улуғбек Қосимов, раҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, аъзоёни марказ, раҳбарони саридораҳо, ташкилоту корхонаҳо, собиқадорон, намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Дар маҷлис масъалаи амалӣ намудани вазифаи мазкур ва ба роҳ мондани фаъолияти сектор муҳокима ва баррасӣ гардид. Дар ҷамъомад оид ба масъалаҳои марбут ба ташкил кардани сектор ва вазифаҳои асосии он батафсил маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки дар шаҳру навоҳӣ низ гурӯҳи корӣ созмон ёфта, фаъолияти сектор пурра ба роҳ монда шавад.


Олим ПАНҶИЗОДА, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: