Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад

  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад
  • Дар Сурхондарё шаш корхонаи нав ба кор даромад

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Termez National Carpets”-и маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Тирмиз шинос шуд.

Корхона кодир аст, ки соле 2,2 миллион метри мураббаъ қолин барорад. Барои ин аз Олмон, Белгия, Туркия таҷҳизоти замонавӣ насб шудааст. 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Қариб нисфи маҳсулот ба содирот пешбинӣ шудааст. 80 фоизи ашёи хом маҳаллӣ гардонда шудааст. Дар муддати кӯтоҳи фаъолияти корхона ба Озарбойҷон ва Қирғизистон ба маблағи 255 ҳазор доллар қолину маҳсулоти қолинӣ содир шудааст. Дар назар аст, ки имсол ба фармоишгарони хориҷӣ ба маблағи 4 миллион доллар маҳсулот интиқол дода шавад.

Дар корхона ба истифодаи энергияи алтернативӣ диққати махсус дода мешавад. Панелҳои офтобие, ки дар ин ҷо гузошта шудаанд, системаҳои рӯшноидиҳии берунӣ ва дохилиро таъмин мекунанд.

Сарвари давлат бо рафти истеҳсолот дар корхона шинос шуд. Намоишгоҳи молҳои саноатии дар вилоят истеҳсолшударо тамошо кард.

Маросими ба истифода додани 6 иншооти нави истеҳсолӣ баргузор гардид. Намояндагони корхонаҳои «Indenim Cluster» дар шаҳри Тирмиз, “Фабулло строй сервис” дар ноҳияи Ҷарқӯрғон, “Ангор Барака” дар вилояти Ангор, «Termiz agro impeks» дар ноҳияи Тирмиз, минтақаи хурди саноатии масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Сариосиё ва Нерӯгоҳи барқи обии “Тӯпаланг” тавассути пайванди видеоӣ дар бораи имкониятҳои худ маълумот пешниҳод карданд.

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Indenim Cluster»  дар Тирмиз ба истеҳсоли либосҳои тайёр аз нахи пахта ихтисос ёфтааст. Дар ин ҷо 400 ҷойи кори нав ташкил карда шуд.

Дар корхонаи «Фабулло строй сервис» дар ноҳияи Ҷарқӯрғон истеҳсоли газоблокҳои автоклавӣ бо иқтидори 75 ҳазор метри мукааб дар як сол азхуд карда шуда, 80 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Дар маҷмааи савдои ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ангор Барака»-и ноҳияи Ангор маркази ҳунармандӣ таъсис дода шуд. Дар ин ҷо ҳамасола ҳудуди 125 ҳазор адад либоси тайёр, 50 намуди либоси миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ истеҳсол шуда, ҳудуди ҳазор нафар занон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Дар минтақаи хурди саноатии ноҳияи Сариосиё истеҳсоли масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ ташкил карда шудааст.

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Termiz agro impeks» дар вилояти Термиз амбори яхдон барои 3 ҳазор тонна ва гармхонаи замонавӣ бунёд намуда, 220 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуд.

Дар доираи лоиҳаи таҷдиди НБО Тӯпаланг иқтидори умумии он ба 175 МВт расонида шуд. Ин имконият медихад, ки дар як сол 467 миллион киловатт-соат қувваи электр ҳосил карда шавад.

Дар маҷмӯъ, дар ин 6 корхона 2000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба туфайли фаъолияти онҳо ба истеҳсолоти минтақавӣ 370 миллиард сӯм ва ба содирот 20 миллион доллар илова хоҳад шуд.

Сарвари давлатамон тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаҳои навро ба кор андохт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: