Номи деҳаи Шамсикӯл ва дар он ҷо зисту зиндагӣ кардани ҳаммиллатони мо, яъне тоҷиконро хеле пештар шунида будем.
Ҳайратовар нест, ки дар ноҳияи Намангон ҳам чун дар саросари кишварамон намояндагони миллатҳои гуногун зиндагонӣ доранд. Чӣ гуна таърих доштани Шамсикӯл – ягона манзилу макони ҳаммиллатони мо дар иҳотаи вакилони миллатҳои дигари ноҳия таваҷҷӯҳи моро зиёд мекард. Дар ин бора бисёр фикр кунем ҳам, ба охири он расида наметавонистем. Аз ин рӯ «Шунидан кай бувад, монанди дидан» гуфта, сафар кардану деҳаро бо чашми худ диданро беҳтар шумурдем.
Баробари ба шаҳри Намангон расидан аз як ронандаи автобус пурсидем, ҷавоб дод, ки аз истгоҳи байнишаҳрии автобусҳо ба Шамсикӯл ягон воситаи нақлиёт равуо намекунад. Инро аз марказ – «Чорсӯ»-и шаҳр бояд муайян кард, шояд аз ҳамон ҷо ягон воситаи нақлиёт ба Шамсикӯл равад...
Мо бо автобус баъд аз 15-20 дақиқа ба таъбире ба қалби шаҳри Намангон – «Чорсӯ» расидем. Истгоҳи бозори деҳқонии «Чорсӯ» ниҳоят серодам . Автобусу мошинҳои сабукрав беҳисоб. Дар ин ҷо ҳам ронандаҳо гуфтанд, ки ба Шамсикӯл ягон автобус намеравад, мо бояд боз пас гашта ба Исфархон рафта, хатсайрро муайян кунем.
Дар мавзеи Исфархони шаҳр соҳибони мошинҳои мусофиркаш маслиҳат доданд, ки аз марказ ба мошини сабукрав нишинем. Боз ба марказ баргаштем. Хуллас, охирон дар каме дуртар аз истгоҳи «Чорсӯ» ба «Дамас»-е нишаста бо роҳу кӯчаҳои байни мавзеъҳои шаҳри Намангон ва киштзори берун аз он пас аз 20 дақиқа ба Шамсикӯл расидем. Деҳа дар самти ҷанубӣ-ғарбии маркази вилоят воқеъ буда, бо деҳоти Элатон ва Шӯрқӯрғон ҳамсарҳад будааст.
Дар идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шамсикӯл» котибаи он Насиба Аҳророва матлаби моро фаҳмиду доир ба таърихи деҳаи Шамсикӯл маълумот тақдим кард ва чанд сухан илова намуд.
Равшан аст, ки номи деҳа аз калимаҳои «шамс» ва «кӯл» сохта шудааст, яъне «офтобу кӯл». Бинобар нақли куҳансолон, сукунати тоҷикон бо таърихи хонигарии Хуқанд (Қӯқанд) вобастагӣ дорад.
Нимаи дуюми асри XIX дар боргоҳи хони ин ҷо – Худоёрхон – Шамсиддин ном шахс вазир будааст. Вай ба миллати тоҷик мансуб буда, аслан аз воҳаи Қаротегин (ҳоло Рашт) будааст, ки дар он аҳд ба хонигарии Хуқанд тобеъ буд.
Вай бо донишмандиву тақводорӣ ном бароварда, ҳамчун вазири одил ба эҳтироми баланд соҳиб гардида будааст. Хон ҳар гоҳ ба ин вазири ҳушёру донишманд иҷрои вазифаҳои мураккабро мегузорад, ӯ аз ӯҳдаи иҷрои онҳо мебарояд ва ба комёбиҳо муваффақ мешавад.
Шояд барои адои хидматҳои тӯлонию ҳалолаш хон ба ӯ илтифот мекунад. Ба Шамсиддини Валӣ қисме аз заминҳои соҳили хушманзараву барҳавои дарёи Сир – маҳалли деҳаи кунунии Шамсикӯли ноҳияи Намангонро туҳфа мекунад. Аз ҳамон вақт – нимаи дуюми асри XIX бо сарварии Шамсиддини Валӣ ба бунёду ободии деҳа пойдевор гузошта шудааст. Шамсиддин Валӣ ба ночорону афтодаҳолон бисёр имдоду ёрӣ мекунад. Бинобар ин кӯлро ба вай нисбат дода, Шамсиддин Валӣ кӯли меноманд. Бо гузашти айём ин ибора кӯтоҳ шуда, шакли «Шамсикӯл»-ро мегирад. Ба деҳа низ чунин унвон медиҳанд.
Кӯл бо мурури замон хушк мешавад. Кишоварзон ҳавзаи онро ба замини зироаткорӣ табдил медиҳанд.
Алҳол деҳаи Шамсикӯл беш аз 3400 нафар аҳолӣ дорад.
Қисми асосии бошандагони он тоҷиконанд. Дар деҳа инчунин фарзандони миллатҳои ӯзбек, қирғиз ва турк дӯсту тифоқ зиндагонӣ мекунанд. Мактаби маълумоти миёнаи умумӣ, муассисаи таълими томактабӣ, поликлиникаи оилавӣ, дуконҳои молҳои хӯрокворӣ ва хоҷагӣ, ошхона, сехи дӯзандагӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва ғайра дар хидмати мардуманд. Қисми зиёди масоҳати деҳаро боғу киштзор ташкил медиҳанд.
Дар солҳои истиқлоли кишварамон масҷиди зебову мунаққаш бо номи «Шамсиддини Валӣ» сохта ба истифода супурда шуд.
Шамсикӯлиён номҳои дилсӯзони мактабу маориф Ф. Сӯфизода, М. Одилов, Ҷ. Солиев ва К. Низомов, шифокорон Ҳ. Исҳоқов ва А. Муҳиддинов, муҳандис К. Ҳамроалиев, ҳофизон М. Мамаҷонов, А. Расулов, Ч. Муродова ва С. Солиеваро бо ҳурмату ифтихор ба забон мегиранд.
Ба деҳа солҳои гуногун А. Сайдалиев, А. Йӯлдошев, А. Мамаҷонов, И. Собиров, Ш. Нуриддинов ва дигарон роҳбарӣ кардаанд. Ҳоло Равшанбек Ризоев раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шамсикӯл» мебошад. Мардум, чунон ки мо мушоҳида кардем, оқсақоли худро зиёда ҳурмату эҳтиром мекунанд.
Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.