ДАР СУҲБАТИ НАБЕРАИ ШАРИФҶОН-МАХДУМИ САДРИ ЗИЁ

Номи олими бухороӣ, адабиётшиноси машҳур, академики АИ Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров (Шакурӣ) (1925-2012) барои аксарият хуб шинос аст.

Вай фарзанди инсони фозил, ҳомии аҳли илму адаби Бухоро дар нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ Шарифҷонмахдуми Садри Зиё буда, баҳри рушди адабиёт, забоншиносӣ ва нақди адабии тоҷик хидматҳои арзанда кардааст. Моҳи ноябри соли гузашта сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Бухоро ташриф оварда буд. Ҳангоми мулоқот бо сафир дар «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Бухоро писари олими номбурда Рустам Шукуровро бори аввал он ҷо дида будам. Мутаассифона, он гоҳ бо вай имконияти вохӯрӣ нашуд. Ба қарибӣ шунидам, ки Рустам Шукуров боз ба зодгоҳи падараш ташриф овардааст. Баъди суҳбати телефонӣ рӯзи дигар бо вай  мулоқот таъйин кардам.
Бояд таъкид кард, ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ се писар дорад. Писари калонӣ — Шариф Шукуров (соли таваллудаш 1948) мутахассиси соҳаи таърих ва назарияи санъати Эрон, корманди Институти ховаршиносии АИ Русия, профессор аст. Додари вай Анвар (соли таваллудаш 1952) астрофизик, профессори Мактаби математика, омор ва физикаи Донишгоҳи Нюкасл мебошад.
Рустам фарзанди хурдии хонадон буда, вай 12 октябри соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Азбаски модари онҳо Клавдия Луканина (омӯзгори математикаи мактаби миёна) рус буд (1922-2011), дар оилаи онҳо бо ду забон – русӣ ва тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Рустам то 16-солагӣ дар Тоҷикистон ба воя расид. Баъд ба Маскав рафт. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дохил шуд ва таҳсили онро дар соли 1984 ба поён расонд. Вақте ки вай донишҷӯйи курси дуюм буд, робитаҳои динии мусалмонону насрониёни Византия диққаташро сӯйи худ мекашид. Бо маслиҳати роҳбари илмиаш Сергей Карпов дар аспирантура хонд ва соли 1990 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Империяи Трапезунд ва Шарқ (солҳои 1204-1461)» дифоъ намуд. Фаъолияти кории Р. Шукуров аз соли 1991 дар кафедраи таърихи асрҳои миёнаи ДДМ ба номи Ломоносов ва лабораторияи тадқиқи мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Сиёҳ ва Византия ба фаъолияти корӣ оғоз намуд. Ҳамин тариқ масъалаҳои таърих ва маданияти Византия, алоқаи он бо олами турку Эрон ба объекти пажӯҳиши олими ҷавон табдил ёфт. Вай соли 2012 рисолаи докториашро таҳти унвони «Туркҳо дар олами Византияи асрҳои ХIII-ХV» ҳимоя кард. Рустам муаллифи бисёр асарҳои илмист. «Тасаввуф дар адабиёти асрҳои миёнаи Эрон», «Дар бораи таърихи ислом», «Таърих ва маданияти Осиёи Миёна дар асрҳои ХIX- XX» аз ҷумлаи онҳост. Ӯ бо ҳамкории бародараш Шариф дар бораи халқҳои Осиёи Миёна таҳти унвони «Реuples d’ Asie Centrale» («Осиёи Марказӣ – озмоишгоҳи таърихи рӯҳ») китобе таълиф кардааст.
Р. Шукуров бо бисёр марказҳои илмии олам ҳамкорӣ дорад. Академияи илмҳои Британия, Хонаи илми Париж оиди инсон, Донишгоҳи Анқара, Думбартон Окс, Академияи илмҳои Австрия аз ҷумлаи онҳост. Вай инчунин дар бисёр донишгоҳҳои ҷаҳон оиди Византия ва ислом лексияҳо хондааст. Вақте ки эроншиноси намоён Ричард Фолтс чанде пеш ба Бухоро омада буд, ҳангоми мулоқот бо муаллифи ин сатрҳо корҳои илмии Рустам Шукуровро чунин арзёбӣ намуд: «Вай аввалин олими тоҷик аст, ки дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон бевосита ба забони англисӣ китоб навиштааст. Камина аз ин асар хеле баҳра бардоштаам». Ӯ болои матнҳои бостонӣ ва асримиёнагии юнонӣ, форсӣ, арабӣ, туркӣ, лотинӣ, славянӣ, ҷанубӣ, картвелӣ, инчунин матнҳои анъанавии византиягию осиёӣ кор мебарад. Вай муаллифи бисёр китобҳои дарсӣ барои синфҳои 6-7-уми мактабҳои Русия, роҳбари семинар оид  ба Византия дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буда, дар Донишкадаи Осиё ва Африқои донишгоҳ низ курсҳои умумӣ мехонад. Дар соли 2016 барои саҳми муносибаш дар рушди илми таърихи Ватан (Русия) лауреати Мукофоти ба номи М. В. Ломоносов гардидааст.
***
Маълум гардид, ки Рустам ду рӯз пеш бо мақсади зиёрат ва таъмиру таҷдиди қабрҳои бобою бибиаш ба Бухоро омада будааст. Тавре ки таъкид намудем, бобояш қозӣ Шарифҷон-махдум Муҳаммадшарифи Садри Зиё – фарзанди домулло Абдушакури Оят фарзанди Абдурасул (24.11. 1865 – IV.1932) қозиюлқузоти балдаи Бухоро (1917) буд. Ҳамсари вай (модаркалони Рустам) Мусаббиҳа духтари қозӣ Ибодуллоҳ – махдуми Ибрат фарзанди домулло Абулфазли Садри Аълами Сирати Балхӣ мебошад. Аён аст, ки ҳокимияти шӯравӣ бо амалдорони Аморати Бухоро созиш намекард. Аз ин рӯ, ҳатто баъди фавт ҷасади онҳоро ба мазор роҳ надода, дар масҷиди Туркиҷандӣ гӯрондаанд. Дертар маитонро пинҳонӣ ба мазори «Хоҷа Исмати Бухороӣ» оварда дафн кардаанд. 
Азбаски то вохӯрӣ бо Рустам дар Регистони Бухоро вақти зиёд буд, фурсатро ғанимат дониста, бо мақсади зиёрати қабрҳои Шарифҷон-махдум ва ҳамсари вай сӯйи мазори «Хоҷа Исмат» рафтам. Бинобар гуфтаи корманди мазор Қандиёр Усмонов аз сабаби гузаштани вақти зиёд қабрҳои аслӣ нопадид гаштаанд. Аз ин рӯ, ба навиштаҷоти таърихӣ – аз қабри Хоҷа Исмати Бухороӣ 30 метр поёнтар дафн шудани Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ва ҳамсари ӯ такя карда, қабрҳои рамзии эшонро муайян кардаанд. Дар ин ҷараён ба Рустам Шукуров дӯсти бухороии вай, коргардони кино Алӣ Чориев кӯмак расондааст. Ниҳоят дар майдони Арк – Регистони Бухоро суҳбати мо бо набераи хурдии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё — Рустам Шукуров қӯр гирифт. Баъзе ҳамкасбони мо гумон доштанд, ки Рустам ба забони тоҷикӣ чандон балад нест. Маълум гардид, ки ин гуфтаҳо асосе надоштаанд. Рустам на фақат ба забони тоҷикӣ озодона ҳарф мезанад, балки ӯ нозукиҳои ин забонро олимона таҳлил мекунад. Вай инсони самимӣ, фурӯтан, хоксор ва камсухан аст. Ботамкин ҳарф мезанад ва маданияти воло дорад. Аз чӣ сабаб бошад ба муаллифи ин сатрҳо «устоҷон» гӯён муроҷиат намуда, сипас изҳори ақида менамуд. 
– Шумо ба Бухоро тез-тез меоед? – пурсидам аз вай.
– Не, давраи наврасӣ, шояд дар 14-солагӣ бо падар омада будам, ҳоло бори сеюм аст, ки ин ҷо қадам мегузорам, – ҷавоб дод ӯ. 
– Оила дар куҷо?
– Дар Маскав, ҳамсарам Ирина (Ари) Вареш – маҷор, як писар дорам. Ба вай Оят (исми бобокалон) ном ниҳодаам. Ӯ меъмор аст.
– Фикри Шумо дар бораи Бухоро чӣ гуна аст?
– Яке аз тамаддунҳои олам – Бухоро барои камина ватани аҷдодист. Охир бобою бобокалони мо ин ҷо қозикалон, яъне ҳамчун вазири адлия обрӯю эътибор доштаанд. Ҳифзи адолат, ҷонибдории илму тараққиёт, покию одамгарӣ арзиши умумиинсонист. Ба шарофати ду роҳбари нексиришт – сарварони ду мамлакат ҳоло мардумони якдилу ҳаммаслак ба дидори ҳамдигар расиданд. Ободии дилҳо ободии диёр аст. Ҳарчанд ҷараёнҳои таҷдиду сайқалёбии баъзе гузарҳои таърихии шаҳри куҳан, аз қабили Гавкушон, аз назарҳо дур мондаанд, Бухорои Шариф ҳамчун як пораи ободи кишвари обод ба дилу дидаҳо зебою пурҷозиба ҷилва мекунад.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: