ДАР ТАБОБАТГОҲИ ОИЛАВИИ ЗАНДАНЕ

Зандане аз музофоти қадимии вилояти Бухоро ба шумор меравад.

Замоне дар ин ҷо газвори қимат ва дар бозори ҷаҳон машҳури занданигӣ истеҳсол шудааст. Азбаски аҳолии Зандане ва деҳоти гирду атрофи он қариб ҳама тоҷиканду давроне мактабҳои ин ҳудуд низ тоҷикӣ буданд, моро лозим меояд, ки ҳар сол бо мақсади тарғибу ташвиқи обунаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ин мавзеъ сафар кунем. Ба қарибӣ боз бо ҳамин ният ба ноҳияи Пешкӯ, ба ин сарзамини бостонӣ рафтем. Баъди мулоқот дар идораи маҳалла, мактаб, коллеҷи иқтисодӣ навбат ба поликлиникаи оилавии Зандане расид. Муолиҷагоҳ рӯ ба рӯйи коллеҷи иқтисодӣ дар шафати роҳи калони мумфарши автомобилгард воқеъ аст. Харобаҳои қалъаи кӯҳнаи Зандане, ки дар паҳлӯи он мебошанд, диққати касро беихтиёр сӯйи худ мекашанд. Дар муолиҷагоҳ беморон назди қабулгоҳи духтурон интизори навбат буданд. Суҳбати мо бо мудири поликлиника, шифокори амалиёти умумӣ Мустаҳкам Очилов бо хоҳиши ӯ дар дафтари кориаш сурат гирифт. Маълум шуд, ки духтур зодаи деҳаи Муфтареи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик» буда, соли 1998 Донишкадаи тиббии Бухороро хатм кардааст. Вай фаъолияти меҳнатиашро дар бунгоҳи тиббии деҳоти Маҳалла оғоз намуда, баъди ду сол мудири бунгоҳ таъин гардидааст.
Мувофиқи қарори Президент аз 29 марти соли 2017 «Дар бораи минбаъд такмил додани фаъолияти муассисаҳои ёрии аввали тиббию санитарии ҷумҳурӣ» бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Маҳалла ва Зандане муттаҳид шуданд ва дар заминаи онҳо дар бунгоҳи тиббии деҳаи Зандане поликлиникаи оилавӣ ташкил шуду Мустаҳкам Очилов мудири он таъин гардид.
– Поликлиникаи оилавии мо дар байни панҷ бунгоҳи тиббӣ ва шаш поликлиникаи оилавии ноҳия калонтарин аст ва ба 12743 нафар аҳолии 19 деҳа (дар ҳаждаҳ деҳа фақат тоҷикон, дар як деҳа – Хӯлбор ҳам тоҷикону ҳам ӯзбекон умр ба сар мебаранд), хидмати тиббӣ мерасонад, – гуфт мудир ва идома дод. – Ҷамоаамон аз 45 нафар иборат буда, 9 нафар духтур, 32 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 3 нафар ходими хурди тиббӣ мебошанд. Илова бар ин дар поликлиника дорухонаи иҷтимоӣ, хонаи муолиҷаи рӯзона амал мекунанд ва корафтодагонро аз ташвиши ба маркази ноҳия рафтан озод менамоянд. Бо ғамхории давлат бинои иловагӣ бунёд гардид ва 26 сентябр ба кор даромад, туфайли он имкониятҳоямон бештар шуд. Таҷҳизот ва мебелҳои нав гирифтем. Компутеру ноутбук дорем.
– Муаммо доред? – пурсидам аз ӯ.
– Азбаски ҳудуди хидматрасонии мо хеле васеъ аст, барои сари вақт хабаргирӣ аз беморон ва ба аҳолии деҳаҳои дурдаст хидмати босифати тиббӣ расондан ба кормандони мо велосипедҳои хидматӣ лозиманд, – ҷавоб дод духтур.
Тақ-тақи дар моро аз суҳбат боздошт. Бо рухсати шифокор ҷавоне ворид гардид...
Мо аз ҷой хеста:
– Масъалаи обуна чӣ мешавад? – гӯён ба мусоҳиби худ барои хайрухуш даст дароз кардем.
– Ба рӯзномаи «Овози тоҷик»?
– Бале.
– Шунидам, ки бо ин масъала ба сарвари Иттиҳодияи тиббии ноҳия ҳам муроҷиат кардаед, албатта, обуна мешавем, – моро умедвор кард ӯ.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: