ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ЧӢ ГУНА НАВИГОНИҲО ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАНД?

Имрӯз ворид шудани қувваи нави корӣ ба бозори меҳнат, афзоиши талабот ба малакаи касбии кормандон аз ҷониби кордиҳандагон такмил додани қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатиро тақозо мекунад.

Имрӯз  ворид шудани қувваи нави корӣ ба бозори меҳнат, афзоиши талабот ба малакаи касбии кормандон аз ҷониби кордиҳандагон такмил додани қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатиро тақозо мекунад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, дар айни ҳол аз ҷониби Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис таҳрири нави лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳокима гардида, ба хониши аввал омода карда мешавад.
Бояд гуфт, ки таҳрири нави лоиҳаи Кодекси меҳнат аз 2 қисм, 34 боб ва 621 модда иборат аст. Ҳаҷми он нисбат ба нашри дарамал 3 маротиба калонтар буда,  моддаҳо пурра кушода дода мешаванд.
Таҳрири нави Кодекс мувозинати манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро бо назардошти талаботи иқтисоди бозорӣ таъмин менамояд. Ҷалби онҳо ба шарикии иҷтимоӣ меафзояд. Шавқу рағбати ҷонибҳо ба натиҷабахшии меҳнат ҳавасманд гардонда  мешавад. Он инчунин ба татбиқи қонунгузории меҳнат дар соҳаи тиҷорати хурд ва соҳибкории инфиродӣ мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, таҳрири нави лоиҳаи Кодекс рушди фаъолонаи шаклҳои нави ҷалби шаҳрвандонро ба фаъолияти меҳнатӣ ба танзим медарорад. Барои васеъ истифода бурдан аз тартиби кори ёзанда аз ҷониби кордиҳандагон ба интихоб намудани шаклҳои содда, оддии ба ҷараёни меҳнат ҷалб кардани ходимон замина фароҳам оварда мешавад. 
Дар таҳияи лоиҳаи Кодекс таҷрибаи хориҷӣ ва байналмилалӣ амиқ омӯхта шуд. Моддаҳои он ба меъёрҳои як қатор конвенсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат, ки Ӯзбекистон ратификатсия кардааст, мувофиқ гардонда шуданд.
Хулоса, қабули таҳрири нави Кодекси меҳнат дар баробари танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар рушди соҳа нақши муҳим мебозад.
Муҳокимаи лоиҳаи Кодекс идома дорад.
  
Шерзод ҚУЛМАТОВ,
узви Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии  Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: