ДАР ТАРБИЯ ҲАМДАСТӢ МЕБОЯД

Чун дар дигар рӯзномаҳо дар рӯзномаи дӯстдоштаамон «Овози тоҷик» низ ошкоро навиштан оиди нуқсону камбудиҳои ҷамъият ва нишон додани роҳи ҳаллу фасли онҳо сазовори боварии муштариён мегардад.

Ошкорбаёнӣ дар бораи таъмин кардани шаффофият дар кору фаъолияти идораҳои давлатӣ сабаби ҳалли муаммоҳои мавҷуда мегардад.
Дар шумораи 4-уми апрели соли ҷории рӯзнома маводи Асад Асил «Умрро вабол накунед» чоп шуда буд. Дар бобати масъалаи бамиёнгузоштаи муаллиф аз он ки муаммои муҳимтарини рӯз аст, хостам муносибатамро ифода намоям.
Ҳоло дар мамлакатамон ба рушди дини муқаддасамон эътибори алоҳида дода мешавад, ки ба эътирофи ҳамагон сабаб мегардад. Бахусус, асарҳое, ки ба шарҳи масъалаҳои дин бахшида шудаанд, ба худшиносӣ ва дар ҳаёт ҷойи худро пайдо кардани ҷавонон кӯмак мерасонад. Яке аз ин гуна масъалаҳо вақт ба шумор меравад. Ҳадисҳое низ ҳастанд, ки ба умрро беҳуда нагузаронидан, муқаддас будани вақт ишора мекунанд.
Азбаски вақт ба қафо барнамегардад, донишмандон ғанимат будани умрро борҳо таъкид кардаанд.
Муаллифи мақола омӯзгоронеро, ки ба таълиму тарбия гирифтани насли наврас беэътиборӣ зоҳир  мекунанд, нафақат хиёнаткори касби худ, балки хиёнаткори халқу Ватан мешуморад. Дар ҳақиқат, лоқайдии омӯзгор сабаби роҳгум задани насли наврас мегардад.
Хушбахтона дар мамлакатамон омӯзгорони фидоии касби хеш бисёранд. Чунин устодон донишомӯзонро мисли фарзанд дӯст медоранд, ҳамеша ба онҳо хайрхоҳанду ифтихор мекунанд. Тарзи ҳаёти онҳо ба ҷавонон намунаи ибрат аст.
Яке аз чунин омӯзгорон муаллимаи фанни таърихи мактаби рақами 152-юми ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд Лола Мӯъминова мебошад. Муаллима дар маҷлиси падару модарон дар бораи тарбияи фарзандон бештар суҳбат мекунад. Ӯ ба волидон ҳамеша таъкид менамояд, ки агар тарбияи бача хуб ба роҳ монда шавад, дарсро аз худ кардани ӯ осон мегардад. Дар хонадони муҳиташ солим бачаи хушахлоқу аълохон ба воя мерасад.
Бояд гуфт, ки дар тарбияи фарзандон баробари устодон ва муассисаҳои таълимӣ падару модарон низ масъуланд.
Падару модарон якҷо бо фарзандони худ дар хона филмҳои гуногунро тамошо мекунанд. Дар ин маврид мазмуну мундариҷаи филмҳоро таҳти назорат гирифтани волидайн шарт аст. Зеро филмҳо ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ расонданашон мумкин.
Абӯалӣ ибни Сино дар яке аз асарҳояш таъкид намудааст, ки бекорӣ нафақат ба нодонӣ, балки ба касалиҳои зиёд низ сабаб мегардад.
Аз ин бармеояд, ки ба бекор мондани фарзанд ва умрро убол кардани ӯ ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем. Дар ин маврид волидайнро  лозим меояд, ки бо фарзандон дар бораи орзуҳои онҳо суҳбат кунанд, нақшаи ҳаррӯза ва дар асоси он нақшаи моҳона ва солонаи онҳоро бино ба маслаҳат кор карда бароянд.
Дар чунин нақшаҳо бояд кӯмак ба корҳои хона, бозиҳои компутерии қобилияти зеҳнии (IQ) бачаро ривоҷдиҳанда, мутолиаи асари бадеӣ, иҷрои вазифаи хонагӣ ва албатта истироҳат ба эътибор гирифта шавад. Ин ба бача аз вақт чӣ гуна истифода бурданро меомӯзад.

Анора ДАМИНОВА,
ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: