ДАР ТАРБИЯИ НАВРАСОН НАҚШИ МУҲИМ ДОШТУ ДОРАД

Дар кишвари мо бахшида ба бачагону наврасон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекиву русӣ мисли «Булбулча доно», «Гулхан», «Ғунча», «Тонг юлдузи», «Класс» ва ғайра рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешаванд.

 Аз байни онҳо рӯзномаи «Тонг юлдузи» куҳантарин нашрия буда, қариб 95 сол инҷониб интишор мегардад. 
Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ  бо ҳамкории Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ муаррифии китоби «Тонг юлдузи»  ёритган олам» («Оламе, ки «Тонг юлдузи» равшан кардааст») ва намоишгоҳи рассом Равил Албеков баргузор гардид.
— Нашрияҳои бачагона дар таълиму тарбияи бачагон ҷойгоҳи алоҳида доранд, — гуфт дар баромади худ сармуҳаррири рӯзнома Фирӯза Одилова. — Қариб як аср мешавад, ки дар ин рӯзнома аввалин намунаҳои қаламии эҷодкорони ҷавон нашр мешаванд. Умедворам, ки аз ин ҷиҳат рӯзномаи мо барои садҳо нафар шоиру нависандаву рассомони ояндаи кишвар ҳамчун иҷрогари вазифаи мактаби эҷодӣ боқӣ мемонад.
Корманди хидматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон, шоири номии бачагон Умеда Абдуазимова, ки солҳои 1995-2007 ба ин рӯзнома сарварӣ кардааст, дар баромади худ аз хотираҳои бачагӣ  оиди интизори рӯзномаи «Ленин учқуни» – «Тонг юлдузи»-и ҳозира шуданаш ёдоварӣ кард.
— Он рӯзе, ки шеъри ман дар ин газета чоп шуд, гӯё болу пар бароварда будам, — гуфт У. Абдуазимова. — Эҷодкорони рӯзнома ягон мактубамро беэътибор намемонданд. Ин аст, ки қалами ман суфтатар гардид ва пас аз  гирифтани таълими олӣ ва ғанӣ гардидани таҷрибаи корӣ худам низ корманди ин нашрияи дӯстдоштаам гардидам.
Ҷиҳати хонданибоб баромадани рӯзнома маводҳо таҳти рукни «Рӯзе дар дарс...», «Овони бачагиам...», «Бо падару модар бихонед», «Ба ҷевони китоб», «Мавзӯъ барои муҳокима» чоп мешаванд, ки нафақат барои бачагону наврасон, барои устодону волидон низ шавқангез аст.
Китоб, ки аз тарафи ҶММ «Azmir nashr print» ба чоп расида, дар он хотираҳо ва намунаҳо аз эҷоди эҷодкорони номии кишвар Ойбек, Ғафур Ғулом, Ҳаким Назир, Қуддус Муҳаммадӣ, Мақсуд Шайхзода, Эркин Воҳидов, Сафар Барноев, Пиримқул Қодиров, Абдулло Орипов, Зулфия, инчунин, қаламиҳои хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ, ки дар давоми солҳо дар ин рӯзнома дарҷ гардида буданд, азнав чоп шудааст.
Дар доираи чорабинӣ беш аз 40-то сурати рассом Равил Албеков, ки дар ин рӯзнома солҳои зиёд фаъолият доштааст, ба намоиш гузошта шуд.

Набия  НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: