ДАР ТИББИЁТ ТЕХНОЛОГИЯИ «БЛОКЧЕЙН» ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Дар низоми реестрҳои автоматии корхонаи унитарии «Маркази давлатии стандарткунӣ ва экспертизаи техникаи тиббӣ, ҷиҳозҳои тиббӣ ва воситаҳои доруворӣ» технологияи «Блокчейн» ҷорӣ гардид.

Вазифаи асосии технологияи мазкур ҳифзи маълумоти дохили низоми реестр аз манипулятсияҳои гуногун, баланд бардоштани устуворӣ ва зиёд гардондани боварбахшии он мебошад.
Дар Ӯзбекистон бо мақсади рушди технологияи «Блокчейн» 5 октябри соли 2018 дар байни Бунёди дастгирии рушди иқтисодиёти рақамии «Рақамли ишонч» ва ширкати «Blockchain Industrial Alliance»-и Русия меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.
– Мо «Блокчейн»-ро ба пойгоҳи маълумотҳои доруворӣ ҷорӣ намудем,– гуфт директори инвеститсионии оид ба технологияи Бунёди дастгирии рушди иқтисодиёти рақамии «Рақамли ишонч» Б. Оқилхонов. – Технологияи нав шаффофии амалиёти базаи мазкурро таъмин намуда, дараҷаи боваринокии назорати давлатии сифати маҳсулотро баланд мебардорад. Ният дорем, дар оянда давраи пурраи ҳаётии маҳсулотро дар платформаи «Блокчейн» пурра намоем.
Яке аз хусусияти асосии ба худ хоси технологияи мазкур боваринокии он мебошад. Дар он  сертификати электронии воситаҳои доруворӣ истифода гардида, истеъмолгар аз хариди дорувории қалбакӣ ҳимоя карда мешавад. Ҳамаи маълумотҳои дастрасгардида ҷамъ гардида, базаи маълумотҳои мунтазам навшаванда ташаккул меёбад. Имкони иваз кардани блок, ё нест кардани маълумот аз база вуҷуд надорад.
– «Блокчейн» имкониятҳои навро дар соҳаи тиб ба вуҷуд меорад,– гуфт директори ширкати «Blockchain Industrial Alliance» А. Доронин. – Ин дар навбати аввал, якҷоя шудани маълумотҳои ягона ва муҳим мебошад. Акнун ҳамаи муассисаҳо, духтурон, таъмингарон ва беморон метавонанд аз маълумотҳои зарурӣ доир ба доруворӣ хабардор шаванд, ки дар навбати аввал назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ, щаффофии аудитро таъмин менамояд.

Р. БОНДАРЧУК,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: