ДАР ТИРМИЗ ҶАМЪОМАДИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар Тирмиз таҳти сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷамъомади 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба вуқӯъ омад. Дар он намояндагони вазорат ва идораҳои ду мамлакат иштирок карданд.

Дар ҷамъомад, ки дар рӯҳи ошкоро ва пурмуҳтаво гузашт, махсус таъкид гардид, ки солҳои охир дӯстӣ ва ҳамкориҳои қарини байни ду кишвари ҳамсоя дар сатҳи нав инкишоф меёбанд.
Минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба равандҳои эътимоду эҳтироми тарафайн такя мекунанд, ба сифати омили муҳими таъмин гардидани манфиатҳои асосии халқҳои мо хидмат менамоянд. Сарҳадҳои давлатӣ кушода шуданд, дар байни мамлакатҳои мо ҳаракати поездҳо, авиатсия ва автобусҳо ба роҳ монда шуд. Робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, маданиву инсонпарварӣ фаъолтар гардиданд. Намоишгоҳҳои саноатӣ, анҷуманҳои тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд, ки ба ҳамкориҳои муфиди тарафайни корхонаҳои пешқадам ва доираҳои корчаллони ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамоянд. Ин барои рушди мубодилаи мол аҳамияти бузург дорад. Ҳамаи ин натиҷаи иртиботи фаъоли сарони давлатҳо дар сатҳи олӣ мебошад, ки ба равандҳои ҳамсоягии нек такя мекунад. 
Дар чорабинии ҳайатҳои ҳукуматии ду мамлакат натиҷаҳои татбиқшавии қарордодҳое, ки ҳангоми ҷамъомади 5-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расидаанд, ҷамъбаст карда шуданд.
Ғайр аз ин, пешомади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, энергетикӣ, маданиву инсонпарварӣ ва кишоварзиву хоҷагии об баррасӣ гардиданд. 
Бинобар мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур муоҳидаи дахлдор имзо шуд.

Ҳ. МАМАДРАИМОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: