ДАР ТИРМИЗ КОНСУЛГАРИИ АФҒОНИСТОН БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар Тирмиз маросими тантанавӣ бахшида ба кушоиши сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Афғонистон И.Иргашев, муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Н.Андеша ва дигарон махсус таъкид намуданд, ки муносибати байни Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки аз қадим дар ду ҷониби як дарё дар ҳамсоягии наздик зиндагӣ карда, дӯстони муътамад мебошанд, дар солҳои охир ба зинаи нави инкишоф баромад.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти президентии роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев изҳор мегардид, ки бо Афғонистон роҳандозии васеъ намудани ҳамкории ҳамаҷониба, барқарорсозии осудагӣ дар ин мамлакат ва аз ҳар ҷиҳат кӯмак расондан ба рушди он зарур мебошад. Анҷумани байналхалқии Тошканд доир ба Афғонистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти мо ташкил карда шуд, истиқболи тараққиёти устувори онро барои ба зинаи нав бардоштан муайян намуд. Ҷомеаи ҷаҳон барои таъмин намудани осудагӣ ва барқарории Афғонистон ба ҳаракатҳои муайян шурӯъ намуд.
Мамлакатамон дар амалисозии бисёр лоиҳаҳои бузурги Афғонистон фаъолона иштирок менамояд. Аз ду ҷониб соҳибкорони ин мамлакатҳо дар асоси шарикии баробар робитаҳоро васеъ менамоянд. Ҷорӣ гардидани тартиби визаи ихчам барои шаҳрвандони Афғонистон далеле мебошад, ки муносибатҳои некҳамсоягӣ мустаҳкам мегардад.
Соли ҷорӣ дар шаҳри Тирмиз бизнес-форуми байналхалқии «Ҷануби кушод», ки ба равшан намудани сармоягузорӣ, содирот ва сайёҳии вилояти Сурхондарё бахшида шуд, беш аз 70 нафар соҳибкорони Афғонистон дар он иштирок намуда, шартномаҳои дуҷониба имзо намуданд. Дар вилояти Сурхондарё барои ташкил намудани корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби соҳибкорони Афғонистон ва бо сохтмон, сервис ва хидматрасонӣ машғул гардидани онҳо шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Дар маркази таълиме, ки дар Тирмиз фаъолият дорад, аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон қариб 130 нафар ҷавонон асрори касб меомӯзанд.
Сарконсулгарии Афғонистон, ки дар шаҳри Тирмиз кори худро оғоз намуд, барои  мусоидат ба ин корҳо, боз ҳам фаъол намудани муносибати ҳамсоягии қарин хизмат менамояд. Шаҳрвандони Афғонистон, ки дар вилояти Сурхондарё зиндагӣ мекунанд, бо соҳибкорӣ машғуланд ва ё таҳсил менамоянд, аз ҷониби ин консулгарӣ манфиатҳои қонунии онҳо таъмин гардонда мешавад. Чорабиниҳои гуногун ташкил менамояд. Барои онҳое, ки ба мамлакати ҳамсоя мераванд, виза расмӣ менамояд.
– Аз он ки дар шаҳри ҳамсояи мамлакатамон – Тирмиз консулгарии Афғонистон кушода шуд, сарамон ба осмон расид, – мегӯяд талабаи маркази таълими шаҳрвандони Афғонистон дар назди Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Салим Фарукӣ. – Ин кор ҳаминро собит менамояд, ки муносибатҳои қадимиамон мазмуни нав касб намуда, робитаҳои дӯстӣ торафт мустаҳкам мегардад. Дар айни ҳол ман дар маркази таълим, ки дорои тамоми ҷиҳозҳои замонавӣ мебошад, касби муаллимии забон ва адабиёти ӯзбекро меомӯзам. Дар ин ҷо барои зиндагии хуби мо дар шароити замонавӣ, таҳсил бо баҳои аъло, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои гуногуни маданиву маърифатӣ, шуғл бо варзиш тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Барои ин аз давлати Ӯзбекистон хеле миннатдорем.
Дар маросим Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ӯзбекистон Саид Шаҳобиддин Темурӣ, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Бахтиёр Пулатов иштирок намуданд.

Холмӯъмин МАМАТРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: