ДАР ТИРМИЗ ТИҶОРАТИ ХУРД РУШД МЕКУНАД

Таваҷҷуҳ ба тиҷорати хурд дар айни замон яке аз соҳоти муҳим ва устувори сиёсати давлатамон маҳсуб меёбад. Чунки баҳри таъмини тараққиёти мамлакат ва фаровонии халқамон саҳми тиҷорати хурд рӯз то рӯз меафзояд.

Тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ барои рушди иқтисодиёт, таъмини шуғли аҳолӣ ва афзун намудани даромади шаҳрвандон омили муҳим мебошад. Бо мақсади ҳамаҷониба дастгирӣ намудани намояндагони ин соҳа солҳои охир аз тарафи роҳбари давлатамон зиёда аз панҷоҳ қарору фармон қабул гардид. Аз ҷумла, тартиби аз рӯйхати давлат гузаронидани фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани рухсатнома ва боз бисёр хидматҳои дигар сода гардонида шуд. Аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ ҳаҷми ба субъектҳои бизнеси хурд ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ҳам ба таври бояду шояд афзуд. Дар шаҳри Тирмиз ҳам дар натиҷаи дастгирӣ намудани соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд як қатор корҳои мусбӣ амалӣ гардид. Масалан, танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ 797 субъекти бизнеси хурд ташкил гардида, миқдори умумии он ба 3668 расонида шуд. Дар ҳамин муддати соли сипаришуда ин нишондод 608-торо ташкил карда буд, яъне рақамҳо нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ ташкили корхонаҳои ҳуқуқӣ ба 189-то афзудааст. Пас таҳлили рақамҳо нишон медиҳад, ки дар натиҷаи муҳайё намудани имконият ва шароит аз тарафи Президент ба субъектҳои тиҷорати хурд ҳам соҳаи иқтисодиёти кишвар рушд мекунад ва ҳам тарзи зисту зиндагонии мардум рӯз то рӯз беҳ мегардад. Юсуф ТУРДИЕВ, роҳбари шуъбаи статистикаи шаҳри Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: