Дар Тоҷикистон рӯзҳои кинои Ӯзбекистон барпо гардиданд

Аз 30 март то 2 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон ва Шӯрои IV директорони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон бо иштироки директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, раиси Иттиҳоди эҷодии арбобони кино Матёқуб Матчонов, кинематографистон Рашид Маликов, Лола Элтоева, Умид Искандаров, Нигина Анорбоева, Фурқат Усмонов, инчунин роҳбарони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор гардид.

Дар доираи Рӯзҳои кинои ӯзбек ба тамошобинон филмҳои бадеии «101 парвоз», «Тӯйи якрӯза», «Васвосӣ» ва филми ҳуҷҷатии «Мактаби матонат» намоиш дода шуданд. Ҳамаи ин филмҳо бо дархости Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба навор гирифта шудаанд. Нахустнамоиши филмҳо дар шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шабакаи телевизионии «Синамо» намоиш дода шуданд.

«Аз таърихи кинои ӯзбек маълум аст, ки филмҳо тавозуни ҳаёти фарҳангию маънавии халқҳои мо, наздикии анъанаҳои моро инъикос мекунанд, — гуфт коргардон Рашид Маликов пас аз намоиши филми «Васвосӣ». — Аз соли гузашта инҷониб алоқаҳои фарҳангӣ мустаҳкам шуданд, дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзҳои кино мегузаранд. Корҳо оид ба эҷоди лоиҳаҳои муштарак оғоз шуданд. Мо хеле шодем, ки синамои ӯзбек мисли шумо мухлисон дорад».

Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бори нахуст дар чаҳорчӯби маросими супоридани нахустин ҷоизаи миллии тоҷикии "Тоҷи сомон" баргузор шуд. Дар чорабинӣ аъзои ҳайати Ӯзбекистон низ ширкат карда, ба ғолибон ҳайкалчаҳо тақдим карданд.

Зимни боздид бахшида ба филми Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ муаррифӣ баргузор шуд. Сипас, бо назардошти фикру андеша ва пешниҳодҳои ҳарду ҷониб консепсияи филм тасдиқ карда шуд.

«Ҷомӣ ва Навоӣ ифтихори халқи тоҷиканд. Дар бораи ин мутафаккирони бузург то хол ягон филми калони бадеӣ ба навор гирифта нашудааст, — гуфт директори китобхонаи АИ Тоҷикистон, доктори илми филология Шодимуҳаммад Софизода. — Филми нави бадеӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ, ки бо талошҳои муштарак ба навор гирифта шуданаш дар назар аст, арҷгузории шоиста ба шахсият ва хотираи мутафаккирони бузург хоҳад буд. Махсусан, мо хеле шодем, ки дар ин кор кинематографистони мамлакати мо саҳм мегузоранд».

 «Барои ин филм маълумоти зиёд ҷамъоварӣ шуда, бо муҳаққиқони ӯзбеку тоҷик гуфтушунидҳо сурат гирифтаанд, — гуфт сенариянависи филм Рустам Ҷабборов. — Дар асоси маълумоте, ки аз онҳо расид, сценария навишта шуда, дар рафти муҳокимаҳо лоиҳа тасдиқ карда шудааст».

Иштирокчиён доир ба конспекти боз як филми дигар — «Кӯринмас юлдуз» ("Ситораи ноаён"), ки якҷоя ба навор гирифтани он ба нақша гирифта шудааст, ба мувофиқа омаданд.

«Муваффақияти кинематографистони ӯзбек барои мо ибрат аст. Тавре маълум аст, Ҷоизаи миллии синамои «Олтин Ҳумо» барои рушди соҳаи синамо таъсис дода шудааст. Имсол дар Тоҷикистон Ҷоизаи миллии синамои «Тоҷи сомон» таъсис ёфт. Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ки бори аввал баргузор мешавад, иштироки синамогарони ӯзбек моро хушнуд кард. Ғайр аз ин, дар Тошканд кушода шудани филиали Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) на танҳо ҷавонони ӯзбек, балки кинематографистони ҷавони тоҷикро низ шод ​​гардонд. Ҷавонони мо низ мехоҳанд дар ин муассисаи таълимӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ягона аст, таҳсил кунанд. Дар оянда ният дорем, ки бо Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар самти таълими синамо ҳамкориҳо ба роҳ монем», — гуфт директори генералии муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмасаид Шоҳиён.

Ҳайати вакилон инчунин дар рӯйдоди муҳим — Шӯрои директорони киностудияҳои мамлакатҳои ИДМ ва Гурҷистон иштирок дошт. Дар кори он киностудияҳои пешсафи мамлакатҳои ИДМ ва Гурҷистон иштирок доштанд. Бо қарори аъзоёни Шӯро таҳти унвони кории «Ассотсиацияи байналмилалии эҷодии киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон» алянси байналмилалӣ таъсис дода шуд. Ба гурўҳи кории таъсисдода супориш дода шуд, ки оиннома ва сохтори иттиҳодияро ташкил намояд. Директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов якдилона раиси ин иттиҳодия интихоб шуд.

«Мо шодем, ки вектори сиёсати рӯшоди Ӯзбекистон, ҳамсоягии нек ва роҳандозии шарикӣ бо кишварҳои ҷаҳон, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон пиёда карда мешаванд ва ислоҳот бо ташаббуси ӯ дар соҳаи кинематография дар як нуқта ба ҳам наздик мешавад. Аз ҷониби киностудияҳои намоёни ИДМ ва Гурҷистон, ки таъриху анъанаҳои бой доранд, ба Тошканд изҳори боварӣ гардидан, барои рушди ҳам саноати кинои мамлакатҳои аъзои иттиҳодия, ҳам барои кинематографияи Ӯзбекистон имкониятҳои нав фароҳам меоваранд”, — гуфт директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдас Абдухолиқов.

Ҳама чорабиниҳои марбут ба сафари ҳайат ва Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: