Тавре қаблан хабар шуда буд, ҳайати синамогарони Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳои Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор доранд.
Тавре қаблан хабар шуда буд, ҳайати синамогарони Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳои Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор доранд.
Дар рӯзи аввали ташриф аъзои ҳайат аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон дидан ва дар як нишасти матбуотӣ ширкат варзиданд. Директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Ф.Абдухолиқов ва роҳбари Академияи ВАО-и Тоҷикистон Садӣ Маҳдии Исматзода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар, аз ҷумла рушди фазои ВАО ва кинематографияи миллӣ ибрози андеша карданд.
Аз ҷумла, дар бораи дигаргуниҳое, ки дар журналистика ва кинематографияи Ӯзбекистони нав ба амал меоянд, фаъолияти шабакаҳои телевизиони ғайридавлатӣ, тағйироти чашмдошт дар синамои ӯзбек, такмили ихтисоси намояндагони синамо ва соҳаи ВАО-и ду кишвар, дурнамои рушди ҳамкорӣ дар ин самт сухан рафт.
Пас аз он намояндагони ӯзбекистонии соҳаи кино бо фаъолияти Китобхонаи миллии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шинос шуданд. Дар он зиёда аз сеюним миллион нусха китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо бо забонҳои гуногун мавҷуданд. Мудири китобхона Ҷумъахон Файзализода ба меҳмонон дар бораи таърихи китобхона, дастхатҳои нодири дар он ҳифзшуда нақл кард. Ба китобхона маҷмӯи китоб-альбомҳо аз силсилаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар коллексияи ҷаҳон» тақдим карда шуд.
Дар бахши маъхазҳои нодири китобхона дастхатҳои Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мирзо Бедил, Абдураҳмон Ҷомӣ ва дигар олимони бузург гирд оварда шудаанд. Дар байни онҳо, иштирокчиён махсусан ба дастнависи Алишер Навоӣ «Хамса», ки соли 1801 дар Аморати Бухоро аз нав навишта шудааст, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.
Худи ҳамон рӯз намояндагони кишвари мо ба боғи Алишер Навоӣ дар Душанбе ташриф оварданд. Дар чорабинӣ порчаҳо аз ашъори шоир қироат гашт. Ин боғ соли 2018 ифтитоҳ ёфта, сарони ду давлат дар маросими ифтитоҳ ширкат карданд. Дар қаламрави боғ муҷассамаҳои Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ гузошта шудааст. Меҳмонон ба пояи муҷассамаҳо гул гузошта, хотираи шоиронро пос доштанд.
Бегоҳӣ дар кинотеатри «Ватан»-и Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар чорабинӣ дар бораи нақши ин чорабинӣ дар ҳаёти фарҳангии ду кишвар, лоиҳаҳои оид ба рушди кинематографияи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифташуда суханронӣ карда шуд.
— Дар таърихи кинои ҳарду кишвар сарнавишти муштаракро дидан мумкин аст, — мегӯяд роҳбари Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Ф.Абдухолиқов. — Ҳамин тавр, агар коргардони маъруф Комил Ёрматов, ки дар рушди кинои ӯзбек саҳми азим гузоштааст, дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон таваллуд шуда бошад, пас намояндаи барҷастаи кинои тоҷик Борис Кимёгаров, инчунин Анвар Шукуров, Самариддин Саъдиев ва дигар актёроне, ки дар таърихи кинематографияи тоҷик осори фаромӯшнашаванда гузоштанд, дар Самарқанд таваллуд шудаанд. Дар филмҳои тоҷикӣ бисёр ҳунармандони ӯзбекро дидан мумкин аст. Дар навбати худ, тасвирҳои беназири як қатор актёрҳо ва ҳунарпешаҳои тоҷик дар филмҳои ӯзбекӣ нигоҳ дошта шудаанд. Мо бояд ин анъанаҳои таърихиро идома диҳем.
Дар доираи чорабинӣ ҳунармандони маъруфи тоҷик сурудҳоро бо забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ иҷро карданд.
Рустам ҶАББОРОВ,
ӮзА.