Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 30 март то 1 апрели соли ҷорӣ баргузор мешаванд.
Чорабинии фарҳангӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо синамогарони ӯзбек ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баргузор мешавад.
Дар давоми се рӯз дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ филмҳои жанрҳои мухталифи истеҳсоли Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дӯстдорони кино метавонанд «Рейси 101», «Ифтихори Нафиса», «Хусниддини моҳир», «Асорат», «Тӯйи якрӯза»-ро тамошо кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон пайваста баргузор мешавад, аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта баргузор шуда буд. Дар он вақт байни киностудияи «Ӯзбекфилм» ва «Тоҷикфилм» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки он на танҳо офариниши якҷояи филмҳо, балки мубодилаи кадрҳо, таълими кинематографистони ояндаро дар донишкадаҳои олии Ӯзбекистон, аз чумла, дар филиали нави Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематография дар Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.
АИ «Дунё».