Ширкати ҳавопаймоии испании Iberojet аз минтақаҳои гуногуни Испания ба Тошканд ва Урганч парвозҳои чартерии мусофирбарро оғоз кард.
2 сентябр ҳавопаймои ширкати ҳавоии Испания бори аввал дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад. Рейси EVE-875 381 мусофирро аз Сарагоса ба пойтахти Ӯзбекистон овард. Дар аэропорти Тошканд самолёт ва аввалин мусофирон бо тантана пешвоз гирифта шуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати “Uzbekistan Airports”, нахустин парвози чартерӣ аз Мадрид ба Тошканд 4 сентябр ва аз Мадрид ба Урганч 8 сентябр ба нақша гирифта шудааст.
Парвозҳо ҳар ду ҳафта дар ҳавопаймоҳои Airbus A330 анҷом дода мешаванд.
Барои маълумот: Iberojet як ширкати ҳавопаймоии испанӣ аст, ки ба ҳамлу нақли мусофирони чартерӣ тахассус дорад ва қароргоҳаш дар Мадрид мебошад.