Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар солҳои 2021-2022 дар ин ҳафта Тошканд инҳо баргузор мешаванд:
17 май - мулоқоти раҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ, ки барои карантини растанӣ масъуланд;
19-20 май - ҷамъомади вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ;
19-20 май - мулоқоти сарони сохторҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва Форуми сайёҳии СҲШ;
20 май - ҷамъомади раҳбарони вазорату идораҳои масъули рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви СҲШ.