Дар ноҳияҳои Шайхонтоҳир ва Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд шахсоне, ки миқдори зиёди спирти этилиро ба таври ғайриқонунӣ мефурӯхтанд, боздошт карданд.
Дар ин бора Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура хабар додааст.
Дар чорабинии оперативӣ, ки таҳти ҳамкории бо шӯъбаи департаменти назди Саррокуратура дар ноҳияи Шайхонтоҳур, Хидмати амнияти давлатӣ ва Садорати корҳои дохилӣ гузаронида шуд, шаҳрвандон А.К. ва Я.А. ҳангоми фурӯхтани ғайриқонунии 5000 литр спирти этилӣ ба маблағи 28000 доллари амрикоӣ ба Х.А бо далелҳои шайъӣ дастгир намуданд.
Инчунин, дар як чорабинии фаврӣ, ки бо ҳамкории департаменти назди Саррокуратура дар ноҳияи Мирзо Улуғбек ва Хидмати амнияти давлатӣ гузаронида шуд, шаҳрвандон С.Д. ва И.Ш. бо мақсади ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ ҳангоми фурӯхтани 1000 литр спирти этилӣ дар зарфҳои елимии 10 литрӣ ба маблағи 3550 доллари ИМА ба шаҳрванд М.А бо далелҳои шайъӣ дастгир гардиданд.
Ҳоло аз рӯи ҳолатҳо тибқи моддаи 186-1-и Кодекси ҷиноӣ (Истеҳсол ё муомилоти ғайриқонунии спирти этилӣ, маҳсулоти спиртӣ ва маҳсулоти тамоку) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.