Бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва тарғиби санъат ва фарҳанги мамлакатамон бо кишварҳои хориҷӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ мешаванд.
Дар доираи нақшаҳои солона 14-18 октябри соли ҷорӣ дар Тошканд 10-умин Биенналеи байналмилалии санъати муосир таҳти мавзӯи «Санъат ва ҷаҳон» баргузор мегардад. Дар ҷашнвора намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон, як қатор вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, вакилони соҳаи маориф ва аҳли санъат ширкат менамоянд.
Ба ҳамин муносибат дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон чорабинӣ ба амал омад.
Дар он раиси Фарҳангистони бадеӣ Акмал Нуриддинов таъкид кард, ки ҳунари санъати тасвирӣ дар маданияти Шарқ бо хусусият худ ва ҷозибаи махсусаш бартарӣ дорад. Ӯзбекистон аз қадимулайём ватани хаттотону мусаввирони моҳир аст. Ин соҳибони ҳусни хати зебо барои ба хонадону ҷевони китобҳои мардум ворид шудани бисёр девонҳои нодиру асарҳои машҳури таърихӣ саҳм гирифтаанд. 10-умин Биенналеи байналмилалии санъати муосир ба муаррифии самтҳо ва номҳои нави санъати муосир дар соҳаи санъати тасвирӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, таҳкими робитаи эҷодии фарҳанг, анъана ва дастовардҳо бахшида шудааст. Он ба озод кардани тафаккури созанда, нишон додани гуногунандешӣ дар соҳаи тадқиқоти эҷодӣ, инъикоси ҷиҳатҳои хоси вазъи постмодернии кишварҳои гуногун, санъати муосир ва аз байн рафтани анъанаҳои маҳаллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ нигаронида шудааст.
Таъкид гардид, ки консепсияи ҷашнвора дар Тошканд ба муаррифии тарзи ҳаёти бисёрфарҳангӣ тавассути паҳлӯҳои санъати муосир бахшида шудааст. Асарҳое, ки дар он пешниҳод шудаанд, ифодаҳои гуногуни бадеиро инъикос намуда, арзишҳои башардӯстонаро дастгирӣ мекунанд.
Мавзӯи биеннале имкон медиҳад, ки дар бораи мафҳумҳо, аз қабили экология, фарҳанг, таҳаммулпазирӣ, шахсият, зеҳни сунъӣ, тамаддуни сунъӣ ва ҷаҳони ботинии инсон фикр кунем.
Дар ин ҷашнвора ширкаткунандагон аз Русия, Австралия, Булғория, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Испания, Тоҷикистон, Қирғизистон, Латвия, Малайзия, Муғулистон, Португалия, Қазоқистон, Туркманистон, Эстония, Швейтсария барин мамлакатҳо асарҳои худро намоиш медиҳанд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».