Дар Тошканд конфронси байналмилалии «Destination Forum» барои соҳибкорони соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон ва Олмон баргузор мегардад, ки онро Вазорати маданият ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон (Deutscher Reiseverband e.V. - DRV) ташкил мекунад.
Дар давраи аз 10 то 17 майи соли равон сафари 80 нафар туроператор аз Олмон ба Ӯзбекистон бо мақсади пешбарӣ намудани имкониятҳои туристии Ӯзбекистон дар Аврупои Ғарбӣ бо ёрии фирмаҳои калони сайёҳӣ, зиёд кардани шумораи сайёҳон ташкил карда шуд.
DRV ассотсиатсияи пешбари сайёҳии Олмон буда, тамоми ташкилотҳои сайёҳиро фаро мегирад, ки тақрибан 90 фоизи даромади умумии бозори сайёҳии кишварро ташкил медиҳад.
Дар давоми саёҳат барои туроператорони Олмон ба ҷойҳои ҷолиби диққат, объектҳои мероси фарҳангӣ, деҳаҳои сайёҳӣ, хонаҳои меҳмонии оилавӣ, инчунин объектҳои сайёҳии навтаъсис дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Самарақанд, Қашқадарё, Ҷиззах, Фарғона, инчунин шаҳри Тошканд сафарҳои иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.
Дар натиҷаи сафар санаи 16 майи соли ҷорӣ конфронси "Destination Forum" ва вохӯриҳои B2B бо иштироки соҳибкорони Олмон ва Ӯзбекистон дар самти сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.
Дар чаҳорчӯби "Destination Forum" тақдимот барои бузургтарин агентиҳои сайёҳӣ ва операторони сайёҳии Олмон баргузор мегардад, ки ҳадафи он ба аврупоиён ҳамчун макони афзалиятноки сайёҳӣ муаррифӣ намудани Ӯзбекистон аст.