Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд

  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд
  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд
  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд
  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд
  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд
  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд
  • Дар Тошканд кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд

Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон бо ифтитоҳи кӯчаи ба номи Ҳайдар Алиев ва ёдгории ӯ дар шаҳри Тошканд оғоз шуд.

Дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок карданд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар назди ҷамъомадагон нутқ эрод намуда, эҳтиромашро нисбат ба Пешвои умумимиллии Озарбойҷон ва тамоми халқи бародари Озарбойҷон изҳор кард.

– Дар он маънии амиқ ниҳон аст, ки сафари давлатии Президент Илҳом Алиев дар Ӯзбекистон аз маросими тантанавии ифтитоҳи кӯча, ки ба шарафи Пешвои умумимиллии халқи Озарбойҷон, дӯсти бузурги халқи ӯзбек Ҳайдар Алиев гузошта шудааст, оғоз ёфт.

Ӯ ба таърих ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсӣ ва давлатии асри ХХ, меъмори Озарбойҷони соҳибистиқлол ворид шуд. Ба туфайли азми устувор, иродаи қавии сиёсӣ ва хислатҳои барҷастаи роҳбарии Ҳайдар Алиев давлати ҷавони соҳибистиқлол тамоми мушкилоту озмоишҳоро муносиб паси сар кард, – гуфт Президенти мамлакатамон.

Сарвари Ӯзбекистон ба саҳми бузурги Пешвои умуммиллии Озарбойҷон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстии байни ду кишвар ва робитаҳои таърихии ду халқи бародар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Дар навбати худ, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ин нахустин сафари хориҷии ӯ пас аз пандемия буд, ба сарвари давлатамон ва халқи Ӯзбекистон барои эътибору ғамхории доимӣ ба гиромидошти хотираи неки Ҳайдар Алиев изҳори сипос намуд.

– Ман аз бародари азизам Шавкат Миромонович барои ташаббуси ташкил кардани чунин гӯшае дар маркази Тошканд, ки ба хотираи падарам Ҳайдар Алиев бахшида шудааст, хеле миннатдорам. Мо дар ин муносибати воқеан бародарии бародарони ӯзбекамонро ба пешвои бузурги мо, таърихи умумии мо мебинем. Ин ифодаи эҳтиром ба тамоми мардуми Озарбойҷон аст, – қайд кард роҳбари Озарбойҷон.

Дар маросим намояндагони зиёиён, насли калонсол ва диаспораи озарбойҷонӣ дар Ӯзбекистон низ суханронӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки кӯчаву хиёбонҳои ободу зебои ба номи Ҳайдар Алиев рамзи равшани дӯстии вайроннашавандаи ду халқи бародар аст.

Дар Ӯзбекистон қариб 40 ҳазор озарбойҷонӣ зиндагӣ мекунанд. Соли 2003 Ассотсиатсияи марказҳои фарҳангии Озарбойҷон таъсис ёфт. Соли 2010 дар бинои сафоратхонаи Озарбойҷон бинои нави Маркази фарҳангии Озарбойҷон ба номи Ҳайдар Алиев ба истифода дода шуд.

Сипас Президенти Озарбойҷон бо ҳамроҳии сарвари давлатамон ба боғи «Ӯзбекистони Нав» ташриф оварда, ба пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: