Сарвари давлатамон 10 август ба маркази ипотекӣ, ки дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд кушода шудааст, ташриф овард.
Масъалаи бо манзил таъмин намудани аҳолӣ дар маркази диққати доимии давлати мо қарор дорад. Ба ҳалли он аз тарафи сектори давлатӣ ва шахсӣ васеъмиқёс бунёд карда шудани манзилҳо мусоидат мекунад. Қарзҳои ипотека барои кумак ба мардум дар хариди манзил пешниҳод карда мешаванд. Аммо на ҳама аз имконот ва тартиби додани ипотека огоҳанд.
Масалан, имсол барои маблағгузории қарзҳои ипотека аз буҷет барои бонкҳои тиҷоратӣ ҷудо кардани 13 триллион сӯм пешбинӣ шудааст. Аммо дар шаш моҳи аввал ба аҳолӣ ҳамагӣ 30 фоизи ин маблағ дода шудааст.
Аз ин рӯ, дар ҷамъомади видеоселектории 6 июл баргузоргардида Президент зарурати коҳиш додани бюрократия ва созмон додани марказҳои ипотекиро, ки ба аҳолӣ хидмати маҷмӯгӣ мерасонад, таъкид карда буд.
Аввалин чунин марказ дар пойтахт ба кор шурӯъ кард. Ҳамаи пешниҳодҳо дар бозори ипотека дар ин ҷо ҷамъ оварда, системаи шаффоф ташкил карда шудааст. Ба ташрифоварандагон дар бораи манзилҳое, ки дар Тошканд сохта мешаванд, бонкҳое, ки қарзи ипотекӣ медиҳанд, шартҳои онҳо маълумоти муфассал дода мешавад. Инчунин дар тартиби расмигардонии шартномаҳои хариду фурӯш, қарзҳои гарав ва ипотека, бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба манзил кумак расонида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҳама хидматҳо дар як ҷо пешниҳод карда мешаванд.
— Қарорҳои зиёде қабул шуда, барои беҳтар шудани зиндагонии халқамон шароит фароҳам оварда мешавад. Аммо бисёриҳо дар ин бора пурра огоҳ нестанд. Ва онҳое, ки огоҳ ҳастанд, намедонанд, ки куҷо раванд. Ин марказ хидматрасонии ҳамаҷониба пешкаш карда, ташвиши онҳоеро, ки мехоҳанд манзил бихаранд, осон хоҳад кард. Акнун бояд платформаҳои электронии марказро ривоҷ дода, онро барои мардум боз ҳам қулайтар гардонд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки ҳазорон нафар аз ипотека дар хонаи шахсии дорои қитъаи замин наметавонанд истифода баранд ва ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.
— Ипотекаи хонаҳои қитъаи заминдорро ҷорӣ кардан лозим аст. Чунин ипотека ипотекаи халқӣ хоҳад шуд, — гуфт Президент.
Дар марказ идораҳои ширкатҳои бинокорию девелоперӣ мавҷуданд. Барои харидорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.