Дар Тошканд маросими ботантанаи гусел кардани ҳайати Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024 баргузор шуд

  • Дар Тошканд маросими ботантанаи гусел кардани ҳайати Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024 баргузор шуд

Дирӯз, 2 июл дар Музейи Шӯҳрати олимпӣ ва паролимпӣ маросими гусел кардани ҳайати Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024 баргузор шуд.

Дар чорабинӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари Федератсияи варзиши велосипедронии кишвар Танзила Норбоева, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, роҳбари департаменти Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одил Абдураҳмонов, раиси Хидмати бехатарии давлатӣ, сарвари Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Абдусалом Азизов, ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё Отабек Умаров, роҳбарияти Вазорати варзиш таҳти сарварии Адхам Икромов, инчунин роҳбарони Кумитаҳои миллии олимпӣ ва паролимпӣ, варзишгарон, мураббиён, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Танзила Камаловна чорабинии ботантанавиро кушода, таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Президент дар кишварамон ба варзиши занона эътибори бузург дода мешавад ва шумори варзишгарзаноне, ки дар Бозиҳои олимпӣ баромад мекунанд, зиёд мегардад.

Дар навбати худ Абдулла Нигматович ёдовар шуд, ки ба шарофати дастгирии сарвари  давлат солҳои охир дар кишвар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба чунин намудҳои варзиш, аз қабили атлетикаи вазнин, бокс, дзюдо гузаронда шуданд, соли ҷорӣ Ӯзбекистон мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба футзал мегардад,  инчунин оиди ташкил кардани Бозиҳои осиёии наврасони соли 2025 дар Тошканд шаҳраки олимпиро барои баргузории чорабиниҳои васеъмиқёс бунёд менамояд.

Дар хотимаи суханронии худ Сарвазир гуфт, ки Ӯзбекистон аллакай ба як қудрати варзишии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Сипас аз номи варзишгарони ҷаҳон оид ба дзюдо Музаффарбек Тӯрабоев ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон Нигина Ӯктамова суханронӣ карданд. Варзишгарон изҳор доштанд, ки ба шарофати таваҷҷуҳи давлат барои ба даст овардани литсензия онҳо ҷоизаҳои пулӣ гирифтанд ва албатта ин барои онҳо пеш аз Олимпиадаи Приж-2024 як ангезаи бузург хоҳад буд.  Варзишгарон низ барои фароҳам овардани шароит ба сарвари давлат изҳори сипос намуданд. Ноиби аввали президенти Федератсияи гимнастикаи Ӯзбекистон Гёзал Муминова аз номи тамоми федератсияҳо ва иттиҳодияҳои варзиши кишвар ба ҳукумат барои кумаку дастгирии расондашуда изҳори сипос намуд.

Аз номи мураббиён сармураббии дастаи мунтахаби олимпии футболи Ӯзбекистон Тимур Кападзе ба сухан баромада, қайд кард, ки футболбозон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то дар Олимпиадаҳо ҷоизаҳоро ба даст оранд ва Президенти муҳтарамамон, инчунин тамоми мухлисони футболи кишварро шод гардонанд.

Дар рафти чорабинӣ тақдимоти ботантанаи расмии лисобу анҷомҳои мунтахаби Ӯзбекистон дар Париж- 2024 баргузор гардид, ки аз ҷониби яке аз ҳомиёни ҳайати Ӯзбекистон – ширкати 7SABER омода шудааст. Либосҳои нав ба ҳамаи варзишгарону мураббиён маъқул шуд.

Парчами Ӯзбекистон ба таври тантанавӣ ба парчамбардорони ҳайати Ӯзбекистон дар Бозиҳои олимпии дар пешистода – қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Абдумалик Халоқов ва қаҳрамони Бозиҳои Осиё оид ба шамшербозӣ Зайнаб Дайбекова супурда шуд.

Дар чорабинӣ шоир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Нодир Ҷонӯзоқ шеъри барои варзишгарони мо навиштаашро қироат кард.

Раиси Шӯрои собиқадорони варзиш Баҳодир Махситов аз номи кулли пиронсолон ба варзишгарон орзу кард, ки дар мусобиқаҳои дар пешистода шарафи кившарамонро сазовор ҳимоя намуда, бо пирӯзиҳои нав ба Ватан баргарданд.

Бинобар хабари хидмати матбуоти КМО тибқи нақша имрӯз аз 3 июл варзишагрони мо барои омодагии ниҳоӣ дар наздикии Париж ба Фаронса сафар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж- 2024 аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: