Дар Тошканд намоишгоҳи байналмилалии «Комёбиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи саноат ва истеҳсолот» баргузор шуд

9-уми майи соли ҷорӣ дар “Узэкспомарказ” маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии “Комёбиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи саноат ва истеҳсолот” баргузор шуд.

Дар ифтитоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х.Найерободӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Д.Ваҳобов иштирок доштанд.

Намоишгоҳ секторҳои гуногуни иқтисодиётро фаро гирифт. Дар он зиёда аз 40 ширкати Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳ.Найерободӣ дар суханронии худ қайд кард, ки Эрон ва Ӯзбекистон барои ҳамкориҳои дуҷониба дар бисёр бахшҳо заминаҳои мусоид доранд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Д.Ваҳобов дар суханронии худ ба пайравии ду кишвар барои фаъол гардонидани ҳамкориҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоидтарин барои ҷалби соҳибкорону сармоягузорони эронӣ ва ӯзбек ба ҳамкориҳои амалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Намоишгоҳи мазкур кори худро имрӯз, 11 майи соли 2022 ба анҷом мерасонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: