То 1 январ шумораи аҳолии доимии шаҳри Тошканд 2 860 511 нафар, вилояти Тошканд 2 941 620 нафарро ташкил медиҳад.
Бинобар маълумоти Кумитаи давлатии омор, қисми аксарияти аҳолӣ дар вилоятҳои Самарқанд (4 031 299 нафар), Фарғона (3 896 393 нафар), Қашқадарё (3 408 313 нафар) ва Андиҷон (3 253 501 нафар) ва аз ҳама камтар вилоятҳои Хоразм (1 924 167 нафар) Ҷиззах (1 443 380 нафар), Навоӣ (1 033 869 нафар) ва Сирдарё (878599 нафар) зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ аҳолии Ӯзбекистон ба ҳолати 1 январ 35 271 276 нафарро ташкил дод (афзоиши солона беш аз 2 фоиз). Шумораи аҳолии шаҳру деҳот тақрибан як хел аст. Дар шаҳрҳо 17,9 миллион нафар ва дар деҳот 17,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.