Дар Тошканд ташкил кардани низоми таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар канори роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Таҷрибаи мазкур дар лоиҳаи нави қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи тасдиқ кардани Консепсияи рушди нақлиёти шаҳрӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиётии Тошканд то соли 2025" пешбинӣ шудааст.
Тибқи ин ҳуҷҷат, таваққуфгоҳҳо метавонад дар канори бозорҳои асосӣ, марказҳои савдо, чорроҳаҳои асосии нақлиёт, истгоҳҳои метро, ки ҳаракати мусофирон зиёд аст, инчунин таваққуфгоҳҳои назди даромадгоҳҳои асосии шаҳр ва дар канори роҳҳои марказӣ пулакӣ шаванд, хабар медиҳад CentralAsia.
Ин ба кам намудани тирбандиҳо дар кӯчаҳои марказӣ, баланд шудани суръати миёнаи ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ ва ҷамъиятӣ, барҳам додани бесарусомониҳо дар истгоҳҳо ва кам кардани партовҳои нақлиёти автомобилӣ ёрӣ мерасонад.
Дар марҳалаи аввал дар 10 кӯчаи марказӣ ва баъдан дар дигар кӯчаҳо дар асоси ШДХ низоми таваққуфгоҳҳои автоматии пулакӣ (арзиш тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ муайян карда мешавад) ташкил карда мешавад.
Арзиши лоиҳа 10,65 миллиард сӯм (қариб 1 миллион доллар) мебошад.
Шумо метавонед дар муҳокимаи лоиҳаи мазкур дар портали Низоми арзёбии таъсири ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ то 5 январи соли 2022 иштирок кунед.